Зарринаи 7-сола аз мардум барои табобат ёрӣ мехоҳанд: “аз дидану шунидан маҳрум мешавад”

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Оилаи Заррина Зокироваи 7-сола, сокини ноҳяии Рӯдакӣ, ки чанд соли ахир дар бистари беморӣ қарор дорад, аз мардум хоҳиш доранд, ки барои табобати фарзандашон ба онҳо ёрӣ расонанд. Модари Заррина, Нодира Зокирова дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки онҳо дар ҳоле аз мардум имдод талаб доранд, ки фарзандаш, тақрибан 6 – сол роҳ намегардад ва бемори […]

Оилаи Заррина Зокироваи 7-сола, сокини ноҳяии Рӯдакӣ, ки чанд соли ахир дар бистари беморӣ қарор дорад, аз мардум хоҳиш доранд, ки барои табобати фарзандашон ба онҳо ёрӣ расонанд.

Модари Заррина, Нодира Зокирова дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки онҳо дар ҳоле аз мардум имдод талаб доранд, ки фарзандаш, тақрибан 6 – сол роҳ намегардад ва бемори бистарӣ аст, ҳоло аз биноӣ ва шунавоӣ  низ маҳрум гардида истодааст.

Ин хонавода тасмим дорад, баъди ҷамъоварии маблағ Зарринаро ба хориҷи кишвар барои табобат бибаранд то солимиаш бештар халалдор нашавад, вале ниёз ба кӯмаки молӣ доранд.

Нодира Зокирова, инчунин мегӯяд, ки онҳо барои талаби имдод ба хотири саломатии фарзандашон ба Вазорати тандурустии кишвар низ муроҷиат намудаанд. Дар Вазорати тандурустӣ ба онҳо ваъда додаанд, ки қисме аз маблағи табобати Зарринаро онҳо пардохт мекунанд.

«Имрӯз маҷбур ҳастем, ки барои саломатии фарзандамон кӯмак бипурсем. Дигар илоҷе надорем. Дар Вазорати тандурустӣ ваъда карданд, ки нисфи маблағи табобатро пардохт мекунанд ва соле қабл гуфта буданд, ки 50 ҳазор сомонӣ дошта бошем, боқимондаро онҳо мепардозанд. Ҳоло фақат умед ба мардум аст, ки моро дастгирӣ кунанд».

Заррина Зокирова, бемории модарзодӣ надошта, дар 1 солаву 10-моҳагӣ баъди гирифтани сӯзандору аз ҷониби як табиби беморхонаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ин беморӣ печидааст, мегӯяд, – Нодира Зокирова.

Модари Заррина қисса мекунад, ки баъди якбора тасб намудан Зарринаро ба беморхона мебаранд ва танҳо баъди гузаронидани сӯзандору духтараш бемор мегардад, яъне дасту пой аз кор монда, нишастан ҳам наметавонад.

Ин хонум мегӯяд, табобати дуру дароз натиҷае надод ва онҳо ба Вазорати тандурустӣ аз болои ин табиб шикоят бурданд. Ба гуфтаи ин зан, табиб ба онҳо ваъда додааст, ки маблағи хароҷоти табобтро пардохт мекунад, вале ваъдаашро иҷро накардааст.

Зарринаи 7-сола фарзандии хурдӣ, яъне 4-уми  хонадон мебошад ва ҳамаи аҳли оила ба дастгирии мардум эътимод доранд, ки дар мушкилтарин рӯз онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.