Боздошти 5 нафар дар Суғд барои шикори ғайриқонунии моҳӣ

Дар вилояти Суғд панҷ нафаре, ки ба шикори ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд, боздошт шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумита дар обанбори “Баҳри тоҷик” дар вилояти Суғд ин 5 нафарро дастгир кардаанд. Зимни санҷиш маълум […]

Дар вилояти Суғд панҷ нафаре, ки ба шикори ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд, боздошт шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумита дар обанбори “Баҳри тоҷик” дар вилояти Суғд ин 5 нафарро дастгир кардаанд.

Зимни санҷиш маълум шудааст, ки онҳо давоми як моҳ бо тӯрҳои капронӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд.

Гуфта мешавад, аз қонуншиканон ба миқдори 15 адад турҳои моҳидории дарозиашон 1500-метра, инчунин як адад муҳаррики қайиқи резинии намуди “Тахассу-15” ва ба миқдори 220 дона моҳиҳои намуди суфмоҳӣ (судак), карас ва жерех, ки вазнашон 72 кг-ро ташкил медод, мусодира  карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати нафарони боздоштшуда  протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Қаблан дар вилояти Суғд моҳидорӣ дар тамоми обанборҳо ҳангоми тухмгузорӣ қатъиян манъ шуд. Дар ин давра дахолати моҳидорон метавонад ба афзоиш ва нигаҳдории захираҳои моҳии минтақа таъсири манфӣ расонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".