“Ҳамсояро интихоб намекунанд, ҳамсояро Худо медиҳад”. Хулосаи “оши оштӣ” дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Date:

Роҳбарони ноҳияҳои марзии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон баъди анҷоми маъракаи оши оштӣ ба тавофуқ расиданд, ки чунин маъракаро минбаъд низ дар тамоми қитъаҳои марзии тоҷику қирғизнишин бо ҷалби шумори бештари аҳолӣ барпо мекунанд.

Дар маъракаи оши оштӣ, ки рӯзи 19-уми феврал дар хатти марзии ҷамоати Хестеварз ва Арқаи ноҳияи Лайлак барпо шуд, ҷонибҳо хоҳони боз шудани роҳҳо, барқарор шудани рафтуомад ва пойдории сулҳу дӯстӣ байни мардумони тоҷику қирғиз шуданд.

Ин маърака дар тарабхонаи “Раъно”, ки марзи ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон ва Борбордуки Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад доир шуда аз ду ҷониб беш аз 100 нафар мӯйсафед, кормандони мақомоти полис ва ҳукуматҳо и маҳалӣ ширкат карданд.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Зафарбек Давлатзода ва ҳокими ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд Алмазбек Раҳмонқулов низ дар радифи мардум сари дастархони оши оштӣ нишастанд. Ҷонибҳо ин дидорро таҳкими дӯстӣ ва барқарор кардани сулҳ байни сокинони ноҳияҳои марзӣ унвон карданд.

Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баъди анҷоми маъракаи оши оштӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бо ҳамтои қирғизи худ ба хуллосае омадаанд, ки чунин маъракаро дар тамоми қитъаҳои марзӣ бо шумули зиёди тоҷикону қирғизҳо барпо мекунанд.

“Ҳамаи ин барои пойдории сулҳу амният дар марзи кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ман фикр мекунам, ки тоҷику қирғиз аз қадим дӯсту бародар буданд. Тавре мегӯянд, ҳамсояро интихоб намекунанд, ҳамсояро Худо медиҳад. Барои ҳамин мо ҳамавақт омода ҳастем, ки бо қирғизҳо ҳамчун ҳамсояи наздик зиндагӣ кунем”,-гуфт, Давлатзода

Ҳокими ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон Алмазбек Раҳмонқулов низ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки ба хотири пойдории дӯстӣ ва сулҳ дар марз чунин маъракаи оши оштиро бо ҷалби аҳолии наздимарзӣ бештар мекунанд. Вай гуфт, то ин маърака бо ҳамтои худ Зафарбек Давлатзода даҳ бор дидору вохӯрӣ карда муаммоҳои марбут ба замин ва дигар масъалаҳоро муҳокима кардааст ва дар ин самт ҷонибҳо ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд.

“Мо мардуми дӯсту бародар ҳастем, дигар он ҳодисаҳо такрор нашавад, мо паҳлӯ ба паҳлӯ бояд истем ва боз хубтар мешавад”,-гуфт Раҳмонқулов.

Мардуми наздимарзӣ чӣ мегӯянд?

Ин мулоқотро мӯйсафедони тоҷику қирғиз, ки сари дастархон оши оштӣ хӯрданд муҳим арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи сокинони марзӣ, аввал ба далели пандемия ва баъдан бар пайи муноқишаҳои марзӣ роҳи байни Тоҷикистону Қирғизистон ду сол инҷониб баста аст. Баста шудани роҳҳо, ба хусус ба зиндагии сокинони марзии деҳаҳои Хистеварзу Овчи-Қалъача ва Борбордуку Арқа, ки додугирифти тиҷоратӣ ва равобити хело наздики хешутаборӣ доранд зарбаи сахте задааст.

Рустам Тӯхтабоев, як сокини деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон гуфт, то замони пандемияву муноқишаҳои марзӣ сокинони деҳаҳои наздимарзӣ равобити хело хуб доштанд. Ӯ гуфт, сокинони деҳаҳои Арқа ва Борбордуки ноҳияи Лайлак то баста шудани роҳҳо ба бозори ҷамоати Хистеварзи Тоҷикистон фаромада тиҷорату барои рӯзгор молу маҳсулот мехариданд.

“Домоди ман ва қудоҳоям дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Ду сол боз роҳ баста аст мо ҳатто ба маросимҳои ҳамдигар рафта омада наметавонем. Мо равобити қудоандагӣ дорем, ҳоло на духтар дода метавонем ва на духтар меорем, чунки марзҳо баста аст. Мехоҳем роҳҳо кушода шавад ва аз ҳокимон илтимос мекунам, ки аз марз гузаштаҳоро боздошт накунанд. Мо дӯст бошем ва ҳамдигарро бо оғӯши кушода бояд пешвоз гирем, набояд ба ҳамдигар муносибати бад кунем”,-гуфт ин шаҳрванди Қирғизистон.

Абдуҷаббор Досов,  депутати маҳаллии Кулундуи Қирғизистон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт,  мардуми ду ҷониб хоҳони он ҳастанд, ки ҳар чи зудтар роҳҳо боз шуда, сулҳу дӯстӣ барқарор шавад. “Мо мехоҳем мисли пештара зиндагӣ кунем ва ҳама мехоҳад ҷангу ҷанҷол набошад. Минбаъд мехоҳем комиссияи байнидавлатии делемитатсия ва демаркатсия ба созиш оянд, роҳҳо боз шавад ва муносибати дӯстонаи тарафҳо барқарор ва сулҳ пойдор бошад, мо ҳаминро мехоҳем”,-афзуд, ӯ.

Ҷамоати Хестеварзи Тоҷикистон ва деҳаҳои Борбордуку Арқаи Қирғизистонро роҳи мошингарди “Хуҷанд-Конибодом” аз ҳам ҷудо мекунад. Тоҷикон мегӯянд, дар гузашта даҳҳо нафар сокини ҷамоати Хистеварз ба деҳаи Борбордук кӯч баста, то ҳол дар он ҷо кору зиндагӣ мекунанд. Даромаду зиндагии ин нафарон асосан аз кори боғдорӣ буд, ки баъди баста шудани марзҳо наметавонанд гурӯҳе аз тоҷикон кори қаблияшонро рафта идома диҳанд.

Ҳусейнхон Ҳакимов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар он бовар аст, ки маъракаи оши оштӣ барои равобити ду ҷониб заминаи хубе мегузорад. Ӯ ин маъракаро дар зинаи аввал, дар таҳким ва барқарор шудани муносибати дӯстона муҳим арзёбӣ кард.

“Мақсад аз оши оштӣ ва нишастан сари як пиёла чой он аст, ки ба муаммоҳои имрӯз ба сари ин ду миллат омада роҳи ҳал ёфта шавад. Имрӯз ин мӯйсафедон аз рӯзҳои неки гузашта ёд мекунанд ва дар оянда барқарор кардани рафтуомаду додугирифти байни ҳамдигарро муҳокима карда истодаанд. Тоқику қирғиз аз қадим равботи ҳамсоядорӣ, хешу таборӣ дошта байни ҳам додугирифт дорад. Мо мехоҳем байни ин ду миллат дигар низоъ барнахезад, дӯстӣ сулҳ барқарор гардад”.-гуфт, ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.   

Баъди муноқишаи хунини шаби 27 ба 28-уми январ, ки аз ду ҷониб даҳҳо захмӣ ва аз Тоҷикистон ду кушта ба ҷой гузошт, мақомоти полисти ду кишвари ҳамсоя талош доранд вохӯриву мулоқотҳои сокинони марзиро бештар ба роҳ монанд. Ду мулоқоти аввала дар марзи Исфара ва Бодканд доир шуд ва ҷонибҳо барои ташкили мусобиқаҳои варзишӣ байни тоҷикону қирғизҳо ба мувофиқа расиданд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...