Ҳақиқати ҳол дар Укроин чист? Ёддошти донишҷӯйи тоҷик, ки дар Днепр таҳсил мекунад

Саидҷон Раҳимов, донишҷӯйи тоҷик дар Укроин

Ман, ки худ беш аз 5 сол шуд дар Украина таҳсил мекунам ва бо мардуми бузургу қаҳрамони Украин аз наздик ошно ҳастам ва дар байнашон зиндагӣ кардам, воқеъан вақте дар мавриди миллатгаро будани онҳо меравад, ба  мисли он ки як ханҷар дар қалби ман задаанд.

Охир чӣ гуна? Ману даҳҳо намояндаи миллатҳои гуногуни ҷаҳон дар ин кишвар будем, илм омӯхтем, зиндагӣ кардем, ягон маротиба дучори чунин миллатгароие нашудаем.

Ман Саидҷон Раҳимов, соли 2017 бо Донишгоҳи кимиёву технологияи Украина дар шаҳри Днепр дохил шудам, ба риштаи «муҳандиси технологияҳои химиявӣ».  Аз Тоҷикистон ба Украина барои таҳсил омадам, ба онҳо маълум буд, ки мо тоҷикон ва шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравӣ забони русиро балад ҳастем, бе ҳеч гуна мамониат бо ман бо русӣ сӯҳбат мекарданд ва тӯли 4 сол ман бо забони русӣ дар қисми бакалавр таҳсил кардам ва рисолаи дипломиро бо забони русӣ навиштам ва бо забони русӣ ҳимоя кардам.

Соли гузашта дар ҳамин ришта, дар зинаи магистерии Донишгоҳи мазкур дохил шудам ва таҳсил доштам.  Дар тамоми манотиқи Украина будам ва ман аслан бо забони украинӣ дар ягон ҷойи Украин боре сухан накардаам, фақат бо забони русӣ  сӯҳбат мекардам. Дар ҳар гӯшаву канори Украина бо забони русӣ бе ягон мушкилот ҳарф мезаданд ва ҳеҷ гуна миллатгароӣ ё таъбизро ману  ҳазорҳо донишҷӯ шоҳид набудаем дар ин кишвар. Барои чӣ як миллати бузургу қаҳрамон қурбонӣ сиёсатҳои бемавриди Путин шудааст, барои чӣ?

Миллати тоҷик хуб медонад, ки украиниҳо чӣ гуна миллат ҳастанд. Мо тӯли 70- соли мавҷудияти Шӯравӣ бо онҳо якҷо зиндагӣ кардаем, падарону бобоҳои мо дар ин кишвари афсонавӣ ва зебо замони Шӯравӣ хидмати сарбозӣ кардаанд ва дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ низ дар Украина будаанд ва ҳимоят аз ин кишвар кардаанд.

Бародари раисҷумҳури мо ҳам, ҳангоми хидмати сарбозӣ дар ин кишвар даргузашта ба хок супурда шудааст.

Достони зебои «Мавҷҳои Днепр»- и Мӯъмин Қаноат,  воқеъан далели ин гуфтаҳост. 

Эй Днепро, модари поки Тарас,

Назди ту даҳрӯза меҳмон омадам,

Аз лаби дарёи Панҷи беқарор –

Аз Бадахшон, аз Зарафшон омадам.

Ва шеъри ҷигарсӯзи Устод барои бародараш:

МАВҶИ БАРОДАРӢ

Ба дида нақши рӯи ту, ба гӯш гуфтугӯи ту,

Ҳанӯз аз димоғи ман нарафтааст бӯи ту,

Ба ҷои дур меравад дилам ҳамеша сӯи ту,

Шудам калону омадам кунун ба ҷустуҷӯи ту,

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Замини Украинаро зи сару бар қадам задам,

Ба ҳар диёр дар задам, ба ҳар мазор дам задам,

Зи лавҳаҳои мармарин ба ҳирс ҷуста номи ту,

Бикофтам, наёфтам нишони ноаёни ту,

Бародарам,

Бародари ба ҷону дил баробарам!

Тоҷикони тоҷири мо дар Украина чӣ қадар тиҷорати озод доштанд. Воқеъан, Украина барои так-таки Тоҷикистониҳо мисли Тоҷикистон, ҳатто тиҷорат аз Тоҷикистон ҳам барояшон хуб ба назар мерасид. Меваҳои хушки Тоҷикистон дар бозорҳои Украина муштарии хос дошт. Тоҷирони мо дар тиҷорат дасти боло доштанд ва доимо таъриф аз хуб будани тиҷораташон мекарданд.

Донишҷӯёни тоҷику дигар миллатҳо аз озод будан дар Украина ва воқеъан як кишвари демкоратӣ буданаш дар тамоми самти ҳаёти рӯзмарра дар кӯчаҳову хиёбонҳо, шаҳрҳову вилоятҳояш дар ҳайрат буданд. Дар 5 соли буданам дар Украин ман бо ягон пулис во нахӯрдаам ва ҳуҷҷатҳои маро ҳам касе дар ҳеҷ куҷое тафтиш накардааст.

Украина кишваре буд ба назари ман воқеан демократӣ, мардумсолор ва озод. Украинаро ман якто мебинам дар байни кишварҳои собиқ Шӯравӣ, ки аз ҳаққи худаш дифоъ мекард дар ҳама маврид. Муқовимати украиниҳо имрӯз дар баробари таҷовузи ғайриқонунии Русия нишон дод, ки ин миллати озод дар ҳеҷ мавриде сар хам нахоҳад кард.

Ман соли гузашта, дар 3-моҳаи таътили тобистона ба Русия рафта будам. Дар ин 3 моҳ дар Русия, ҳаррӯз  дар шаҳри Маскав шоҳиди тафтиши ҳуҷҷатҳоям дар гузаргоҳҳои метроҳо ва кӯчаҳои будам. Хуллас ҳар муҳоҷири мо хуб огоҳ аст аз садҳо, ҳатто ҳазорҳо амалҳои миллатгароҳои рус, аз пулисаш гирифта то ба хурду бузургаш. Пас инҷо суол ба миён меояд, ки  миллатгароҳо дар Русия ҳастанд ва ё дар Украина?

Ман ба миллати бузургу қаҳрамони Украина бовар дорам!       

PS. Ин матлабро муаллиф ба "Азия-Плюс" фиристодааст ва навиштаву андешаҳои муаллиф баёнгари нуқтаи назари худи ӯянд.  Дар ин матлаб, услуби баён ва имлои муаллифи он ҳифз шудааст.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...