Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон ғайриодӣ бо нишондиҳандаи мусбат оғоз шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 220 млн сомонӣ (17 млн доллар) барзиёд иҷро шуд.

Ҳаҷми умумии буҷети давлат дар моҳҳои январ-феврал ҳудуди 4,6 млрд сомонӣ (355 млн доллар)-ро ташкил дод, ки 4,8% зиёдтар нисбат ба нақшаи тасҳеҳшуда мебошад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.

Моҳи январи имсол буҷет ба андозаи 7,1% барзиёд иҷро шуд: ба ҷойи 1 млрд 970 млн сомонии дар нақша пешбинишуда ба буҷет ҳудуди 2 млрд 120 млн сомонӣ маблағ ворид шуд.

Барзиёд будани нишондиҳандаҳо, дар навбати аввал ба афзоиши маблағҳо аз пардохти андоз, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми андозҳои асосӣ – андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромад вобаста дониста мешавад.

Ҳиссаи маблағҳо аз пардохти андозҳо дар ҳаҷми умумии даромадҳои Буҷети давлатӣ дар моҳи январи соли равон 78,3%-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир иҷрои қисмати даромади буҷет дар моҳҳои аввал доимо муяссар намегардид. Ба ин тариқ, дар ду моҳи аввали соли 2021 ба буҷет зиёда аз 100 млн сомонӣ камтар маблағ ворид гардида буд, ки ба пурра пардохт нашудани маблағҳо аз пардохти андоз марбут дониста мешуд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли ҷорӣ Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифта, дар он пардохти баъзе андозҳо нисбатан сабук шуданд. Масалан, меъёри маъмулии ААИ, ки беш аз 40%-и воридоти маблағ аз пардохти андозҳоро ташкил медиҳад, аз 18% то ба 15% поин бурда шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки соли равон даромади буҷети кишварро ба андозаи 19,4% зиёд кунад. Қисмати даромади буҷет ба маблағи 33 млд сомонӣ (2,5 млрд доллар) тасдиқ шудааст.

Сарчашмаҳои асосии воридоти маблағ ба буҷети Тоҷикистон мудом пардохти андозҳо дониста мешаванд, ки ҳиссаи онҳо дар даромади “ҳамёни асосӣ”-и кишвар тайи даҳсолаи ахир (солҳои 2012-2021) 68%-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...