ТИКА дар моҳи Рамазон дар 3 минтақаи Тоҷикистон 45 тонна кӯмаки ғизоӣ тақсим намуда истодааст

Хабарномаи расмӣ

Оҷонсии Туркия дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳамоҳангӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба муносибати моҳи Рамазон ба 1500 хонавода 45 тонна кӯмаки ғизоӣ расонида истодааст.

ТИКА дар доираи барномаҳои анъанавии моҳи Рамазон фаъолиятҳои рамазонии худро дар Тоҷикистон ба роҳ монда истодааст. 

Тақсими маводи хӯрока дар ҳамкорӣ бо Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияҳои Айниву Ёвон ва 4 ноҳияи Душанбе анҷом дода шуда истодааст. Ба 900 оилаи ниёзманди ноҳияҳои Айниву Ёвон бастаҳои ғизоӣ тақсим карда шуд. Ҳамчунин тақсимот дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, рӯзҳои наздик ба анҷом хоҳад расид. Дар шаҳри Душанбе кӯмакҳои ғизоӣ бахусус ба маъюбону собиқадорон ва ҳамчунин ба хонаводаҳои ниёзманд расонида мешавад.

ТИКА созмони байналмилалии Туркия мебошад, ки дар самти кӯмакрасонӣ фаъолият менамояд ва феълан дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, дар беш аз 170 кишвари ҷаҳон фаъолиятҳояшро ба роҳ мондааст. ТИКА даҳҳо ҳазор лоиҳаро дар кишварҳое, ки фаъолият мекунад, дастгирӣ кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...