Рӯзҳои истироҳат ҳаво дар Тоҷикистон боронӣ мешавад

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор дар назар аст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеи марказ ва вилотяҳои Суғду Хатлон боришоти щадид, раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар бархе аз ноҳияҳо суръати шамол то 17-22 м/с пурзӯр шуда, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Хавфи осеб дидан аз шарораи раъду барқ вуҷуд дорад. Дар роҳҳои кӯҳии кишвар фаромадани селу ярч ва тармаву сангреза имкон дорад.

Ҳарорат дар водиҳо то 10-12 дараҷа поин мефарояд. Рӯзҳои 21-23 май дар доманакӯҳ ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва доманакӯҳҳои вилояти Хатлон обуҳавошиносон селфароиҳоро пешгӯӣ мекунанд.

Рӯзҳои 22-23 май бар асари боришоти зиёд дар рӯдхонаҳои доманаи қаторкӯҳи Хисор, дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Ба хотири ҳифзи хонаву қитъаҳои надиҳавлигӣ аз оқибатҳои сел, Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳрҳои назди хонаашонро тоза кунанд.

Ғайр аз ин, Кумита огоҳ мекунад, ки обуҳавои номусоид метавонад ба осеби симчӯбҳои интиқоли барқ, афтодани дарахтон, зарар дидани боми хонаҳо, сохторҳои васеи лавҳаҳои рекаламавӣ боис гардид.

Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки чораҳои шахсии бехатариро риоя намуда, то ҳадди имкон аз сафар, сайругашт дар минтақаҳои хатарнок, ҷамъоварии ҳезум, гиёҳҳои шифобахш ва занбӯруғ, моҳидорӣ, шикор ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.

Зикр мешавад, ки дар ҳоли пеш омадани кадом як ҳодисаи фавқулодда шаҳрвандон тариқи телефонҳои: 112, 223 13 11: 221 91 19 ва 93 880 28 19 муроҷиат карда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...