Агар ба шумо маҳсулоти муҳлатгузаштаро фурӯхтанд, бояд чӣ кор кунед?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз мағоза ба хона баргашта, дидед, ки маҳсулоти муҳлати истифодааш гузаштаро харидаед. Қариб ҳама бо чунин ҳолат дучор шудаанд. Албатта, пеш аз харидани чизе ҳатман санаи муҳлати коршоямии маҳсулотро санҷидан лозим аст, лекин аксаран мо шитоб дорему ё аз кор хаста шуда, хотирпарешонем.

Мутаассифона, дар Тоҷикистон аксарияти истеъмолгарон аз талаботи қонунгузорӣ нисбат ба маҳсулоти ғизоӣ огаҳӣ надоранд.

Агар ба шумо молу маҳсулоти муҳлати истифодааш гузаштаро фурӯхта бошанд, чӣ гуна мебояд рафтор кард? Барои шарҳи масъала ба Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон муроҷиат кардем.

Маълум шуд, ки муофиқи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон”, натанҳо фурӯши маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта, балки маҳсулот бидуни зикри санаи истеҳсол, муҳлати коршоямӣ, таркиби маҳсулоти ғизоӣ, бидуни номгӯй ё зикри шароити нигаҳдорӣ низ риоя накардани талаботи қонун шуморида мешавад. Ин гуна маълумот бояд бо забони фаҳмо барои итсеъмолгар – тоҷикӣ ё русӣ зикр шуда бошад.

Чӣ метавон кард, агар шумо бо маҳсулоте, ки бо риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ ба фурӯш гузошта шудааст, дучор шавед?

Дастурамал барои истеъмолгарон

Дастурамали зина ба зина муайян кардани далели мавҷуд будани камбуду норасоиҳо дар маҳсулот (маводи ғизоӣ) ва минбаъд чӣ гуна амал карданро дар чунин ҳолатҳо манзур мекунем:

1. Далели як ё ду ҳолати қонуншиканиро дар маҳсулот (маводи ғизоӣ) муайян кунед. Ин метавонад муҳлати гузаштаи истеъмол, ҷой надоштани маълумот дар бораи маҳсулот (таркиб, калория, вазн, истеҳсолкунанда ё воридкунанда), шароити нигаҳдорӣ барои маҳсулоти зудвайроншаванда) бошад.

2. Далели мавҷуд будани қонуншикнаиро дар смартфони худ сабт кунед.

3. Ба яке аз сохторҳое, ки дар охири хабар зикр шудааст, муроҷиат намуда, маълумоти зеринро пешниҳод намоед:

– навъи қонуншиканӣ (маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта, маҳсулоти бидуни тамға ё маълумот бо забони нофаҳмо ва ғайра);

– суроғаи мағоза ё нуқтаи фурӯш (хуб мешуд агар ягон макон ё мавзеи наздики он номбар шавад;

– фиристодани сурати далели қонуншикание, ки дар смартфонатон сабт шудааст.

Ба куҷо метавон шикоят кард?

Вақти муроҷиат мушаххас кардани ному насаби шахсе, ки шикояти шуморо қабул кард, муҳим аст, то ки шумо дар оянда аз натиҷаи баррасии шикоятатон огаҳ шуда тавонед.

Маълумоти дар боло зикршударо шумо метавонед ба рақами Viber-и Агентии “Тоҷикстандарт” бо рақами  988 50 2222  ё сомонаи Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон – www.istemol.tj ирсол намоед.

Ҳамчунин дар бораи қонуншиканӣ шумо тариқи телефон метавонед ба сохторҳои зерини ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон муроҷиат кунед:

Агентии «Тоҷикстандарт» – (+992 37) 233 44 99

Хадамоти санитарӣ-эпидемиологӣ – (+992 37) 222 21 25

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ – (+992 37) 236 50 08

Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон – (+992 37) 224 14 04.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.