“Фурсати донистан”: Худидоракунии шаҳраку деҳот чист ва ҷаро иҷрои санади ҷамоат ҳатмист?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи худидоракунии шаҳраку деҳотро ба баҳс кашиданд.

Фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба кадом  принсипҳо асос ёфтааст?

Қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» санаи 5 августи соли 2009 қабул гардидааст. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот танзим намуда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва молиявии онро муайян менамояд. Мувофиқи талаботи моддаи 5-и қонуни мазкур, фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– принсипи қонуният ва адолати иҷтимоӣ;

– принсипи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– принсипи демократия, ошкорбаёнӣ ва ба эътибор гирифтани афкори омма;

– принсипи мустақилият, худидоракунӣ ва масъулият дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта;

– принсипи ҳисоботдиҳанда будан дар назди аҳолӣ;

– принсипи иштироки шаҳрвандон дар худидоракунии маҳаллӣ;

– принсипи мутобиқати манфиатҳои маҳаллӣ ва умумидавлатӣ;

– принсипи коллегиалӣ будани фаъолияти Ҷамоат.

Ҷамоат ҳамчун мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколати худ санадҳои маъмуриро дар кадом шакл қабул менамояд? Аз болои санадҳои Ҷамоат ба кадом мақомот шикоят намудан мумкин аст?

Мувофиқи моддаи 9, иловаи 1-и Қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» Ҷамоат дар доираи ваколати худ қарор қабул мекунад. Қарорҳои Ҷамоат, ки дорои хусусияти умумиҳатмӣ мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ фиристода мешаванд. Тартиби интишори расмӣ ва мавриди амал қарор додани санадҳои Ҷамоатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Қарорҳои Ҷамоат дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот амал намуда, иҷрои онҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад. Шахсони  воқеӣ  ва  ҳуқуқӣ метавонанд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санадҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба суд шикоят намоянд.

Санадҳои Ҷамоат, ки аз болои он прокурор эътироз овардааст, аз ҷониби кадом мақомот баррасӣ карда мешавад?

Мувофиқи моддаи 43-и Қонун «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» санадҳои Ҷамоат, ки аз рӯйи он прокурор эътироз овардааст, дар маҷлиси Ҷамоат баррасӣ карда мешаванд. Санадҳои Шӯрои Ҷамоат, ки ба онҳо прокурор эътироз овардааст, аз ҷониби шӯрои Ҷамоат баррасӣ карда мешаванд. Санадҳои раиси Ҷамоат, ки оид ба онҳо прокурор эътироз овардаст, аз ҷониби раис баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътироз, прокурор метавонад нисбати санадҳои шӯрои Ҷамоат ва раиси Ҷамоат ба Маҷлиси Ҷамоат муроҷиат намояд. Ҳангоми қонеъ нагардидани эътирозҳои зикргардида прокурор метавонад ба суд муроҷиат намояд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...