Муовини Раиси ҲХДТ занони қирғизро ба гуфтушунид даъват кард

Asia-Plus

Муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар мақолае, ки дар робита ба рӯйдодҳои охари марзӣ барои АМИТ “Ховар” навишааст, аз занони қирғиз даъват намудааст, ки барои муътадил гаштани вазъ дар сарҳад саҳми худро гузоранд.

“Мо,  занони тоҷик  ба бонувону модарони қирғиз муроҷиат карда мегӯем, ки барои муътадил гаштани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон саҳмгузор бошанд”, – навишааст Хайринисо Юсуфӣ.

Ӯ бо иштироки занони ду ҷониб барпо кардани гуфтушунидро ба манфиати кор дониста, гуфтааст, ки посухи ин даъватро аз ҷониби занони Қирғизистон интизор аст.

Ёдовар мешавем, ки низои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 14-уми сентябр оғоз гардида, дирӯз, 19-уми сентябр, бо имзо шудани созишномаи оташбас миёни раисони КДАМ-и ду кишвар то андозае ба эътидол омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...