“Қуввати Афранг аз илму фан аст…” Таҷлили зодрӯзи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

admin

Сафорати Покистон дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази омӯзишии Покистони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 145-умин солгарди зодрӯзи Аллома Муҳаммад Иқбол “Рӯзи Иқбол”-ро баргузор кард, ки дар он олимони шинохта, донишҷӯёни тоҷику покистонӣ ва намояндагони ҷомеаи Покистон ширкат доштанд.

Чорабиниро профессор Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ карда, дар бораи паҳлӯҳои мухталифи ашъор ва фалсафаи Аллома Иқбол андешаҳои худро баён кард.

Сафир Имрон Ҳайдар дар суханронии худ фалсафаи шоири Шарқро, ки дар бедории сиёсии мусулмонони қитъа нақши муҳим бозидааст, таъкид кард.

Вай гуфт, Аллома Иқбол рӯҳияи мусалмононро барои ҷустуҷӯи шахсияти аслии онҳо, кашф ва тасвиби мафҳуми “худӣ” барои пешрафту шукуфоии фардӣ ва дастаҷамъӣ эҳё кард. Ашъори Аллома Иқбол паёми умумибашарӣ дорад, ки ӯ орзуи беҳбудии тамоми башариятро дошт.

Сафир Ҳайдар афзуд, ки Аллома Иқбол дар соли 1930 дар Оллоҳобод ба мо дар бораи ватани ҷудогона барои мусулмонони нимҷазираи худ гуфта буд, ки 14 августи соли 1947 ба воқеият табдил ёфт.

Дар рафти чорабинӣ чанде аз донишмандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бораи паҳлӯҳои мухталифи осори Аллома Иқбол ибрози назар карданд.  Онҳо таъкид карданд, ки осори Иқбол дорои эътибори ҳамагонӣ буда, дар саросари ҷаҳон қадрдонӣ мешавад.  Барои муқовимат бо чолишҳои имрӯза, ки дар маҷмӯъ ҷомеъаҳои муосир ва ба вижа ҷомеаҳои мусулмониро азият медиҳанд, зарурати бозгашт ба паём ва тафаккури Иқбол пеш омадааст.

Ҳамчунин, зимни чорабинӣ донишҷӯёни факултети забони урдуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз абёти аллома Муҳаммад Иқбол шеърҳо қироат карданд.

Чорабинӣ бо тақдими туҳфаҳои барои донишҷӯён ва устодони донишгоҳ омоданамудаи Сафорати Покистон ба анҷом расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...