Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артиш 84% иҷро шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 84% иҷро шудааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Зикр шуд, ки то имрӯз тақрибан 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Аз рӯи шумораи даъватшудагон, ки аллакай ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд, шаҳри Душанбе дар ҷои аввал аст – нақша 98 фоиз иҷро шудааст.

Дар вилояти Суғд ин нишондод 72 фоиз, дар вилояти Хатлон – 81 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 94 фоизро ташкил медиҳад.

“Комиссариати ҳарбии ВМКБ дар рӯзҳои аввали маърака аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд”, – изҳор дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Дар ин давра ҷавонони соли таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...