Қазоқистон қоидаҳои будубошро тағйир дод. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ таъсире дошта метавонад?

Мақомоти Қазоқистон як воситаеро, ки ба хориҷиён аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), аз ҷумла аз Русия имкон медод, муҳлати будубоши худро дар ин кишвар бидуни гирифтани иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ба миқдори номаҳдуд тамдид кунанд, аз байн бардошт. Мувофиқи қарори навшуда “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои вуруд”, муҳоҷирони бидуни раводид (виза) омада 90 рӯз […]

Анора Бухорӣ, Asia-Plus

Мақомоти Қазоқистон як воситаеро, ки ба хориҷиён аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), аз ҷумла аз Русия имкон медод, муҳлати будубоши худро дар ин кишвар бидуни гирифтани иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ба миқдори номаҳдуд тамдид кунанд, аз байн бардошт.

Мувофиқи қарори навшуда “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои вуруд”, муҳоҷирони бидуни раводид (виза) омада 90 рӯз “дар муддати 180 рӯз” дар Қазоқистон ҳузур дошта метавонанд.

Ин тағйирот чӣ маъно дорад?

Қаблан дар муҳлати ба охир расидани давраи иҷозашудаи 90 рӯз, шаҳрванди хориҷӣ метавонист ҳадди ақал як шабонарӯз ба берун аз ҳудуди Қазоқистон рафта, сипас ба кишвар баргардад ва ба ҳамин васила муҳлати ҳузури худро дароз кунад. Чунин таҷриба “визаран” номида мешавад.

Лекин акнун дар як вақт дар ҳудуди Қазоқистон на бештар аз 90 рӯз дар давоми 180 рӯз ҳузур доштан имкон дорад.

Чаро чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?

Бино ба маълумоти ВКД Қазоқистон, дар соли 2022 5,6 млн нафар хориҷиён ба Қазоқистон ворид шудаанд, ки 2,9 млн нафарашонро русиягиҳо ташкил додаанд.

Вуруди миқдори зиёди муҳоҷирон аз Русия мақомоти Қазоқистонро водор намуд, ки шароити будубоши қонуниро дар кишвар сахттар кунад. Акнун вақте ки таҷрибаи “визаран” дигар амал намекунад, ба муҳоҷирон лозим меояд, ки Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) бигиранд.

Тоҷикистон чӣ?

Айни замон 5 кишвар – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) мебошанд. Тоҷикистон ба ҳайати ин Иттиҳод шомил нест.

Шартҳои будубоши шаҳрвандон бидуни раводид байни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар асоси созишномаи байнулмилалии ҷудогона танзим мешаванд.

Мувофиқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни қайд то 30 рӯз ва бо қайд – то 90 рӯз дар қаламрави Қазоқистон ҳузур дошта метавонанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин созишнома маҳдудияти умумии 180 рӯз зикр нашудааст.

Аммо тибқи қарори нави дар боло зикршуда, чунин маҳдудият натанҳо барои шаҳрвандони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС), балки барои ҳамаи муҳоҷирони ба Қазоқистон воридшуда бо тартибе, ки гирифтани раводид талаб намешавад, ҷорӣ шудааст.

“Муҳлати ҳузури иҷозашудаи муҳоҷирон дар Қазоқистон, ки бо тартиби бидуни гирифтани раводид омадаанд, бо анҷоми 30 рӯзи тақвимӣ аз замони гузаштани сарҳад, дар умум 90 рӯзи тақвимӣ дар муддати ҳар як давраи 180 рӯзи тақвимӣ ба охир мерасад, агар байни кишварҳо тибқи созишнома дигар тартибот муқаррар нашуда бошад”, – гуфта мешавад дар қарор.

Ба ин тариқ, мақомоти ин кишвар мехоҳанд таҷрибаи”визаран”-ро барои ҳама гуна муҳоҷирон бартараф намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.