Теъдоди қурбониёни тарма дар Хоруғ ба 13 нафар расид

Теъдоди қурбониёни фаромадани тарма ба манзилҳои маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ба 13 нафар расид. “Боз 12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти дақиқшуда, 4 хона пурра тахриб шуда, ба 35 манзил ва 5 иншооти […]

Asia-Plus

Теъдоди қурбониёни фаромадани тарма ба манзилҳои маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ ба 13 нафар расид.

“Боз 12 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фвақулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти дақиқшуда, 4 хона пурра тахриб шуда, ба 35 манзил ва 5 иншооти хоҷагӣ қисман зарар расидааст.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят ҳаҷми зарарро муайян мекунад. Айни замон дар ҷойи ҳодиса корҳои аз барф тозакунии хонаҳо идома дорад.

“Шоми ҳамин рӯз ду сокини деҳаи Хаспои ноҳияи Ванҷ ҳангоми ба ҷанозаи сокини 30-солаи ҷамоати Техарв рафтан, ки ӯ ҳам зери тарма монда ҳалок шудааст, худашон зери тарма мемонанд. Яке аз онҳо аз зери тарма бароварда шуда, ҷустуҷӯйи дуюмӣ идома дорад”, – хабар дод Юсуфӣ.

Зикр шуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фвақулода ба ҳамаи пайвандони наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуда, бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба минтақаҳои пурбориши кӯҳӣ ва тармахез худдорӣ кунанд.

Кумита қаблан хабар дода буд, ки то 19-уми феврали соли равон дар ноҳияҳои ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Рашт – Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Душанбе – Хоруғ, Хоруғ- Ишкошим бар асари борону барфи шадид хатари лағзиши тармаву резиши сангу рег боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти КҲФ, аз 13 то 15 феврал дар қаламрави ВМКБ 27 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади таъмини амнияти аҳолӣ аз ноҳияи Ванҷ 11 хонавода, Рӯшон – 335 хонавода, Шуғнон – 10 хонавода, Роштқалъа – 39 хонавода ва шаҳри Хоруғ – 17 хонавода ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд.

Айни замон ғафсии қабати барф дар шаҳри Хоруғ 95 см, ноҳияи Дарвоз – 35 см, Сағирдашт – 90 см, Ванҷ – 60 см,  Рӯшон – 35 см, Шуғнон – 60 см, Роштқалъа – 35 см, Ишкошим – 20 см ва деҳаҳои баландкӯҳ – 90 см-ро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.