Парвандаи ҷиноятӣ нисбати 250 мансабдор барои заминфурӯшӣ ва истифодаи нодурусти он

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки соли 2022 нисбати 252 нафар шахсони мансабдор барои заминфурӯшӣ ва истифодаи нодурусти он парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст. Як раиси ноҳия, як муовини раиси ноҳия ва раиси ҷамоат барои фурӯши беш аз 40 га замин муттаҳам шудаанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ки дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медод, гуфтааст, соли сипаришуда зиёда аз 6 ҳазор қонунвайронкуниҳо ошкор ва нисбати 6 ҳазору 550 нафар чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ татбиқ гардидааст.

“Нисбати 252 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд”, – афзудааст Юсуф Раҳмон.

Додситони кулли Тоҷикистон зикр кардааст, ки барои фурӯши 11 га замин бар ивази 1 млн сомонӣ собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Рамазон Оймаҳмадзода ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Бо ҷурми заминфурӯшӣ Исҳоқ Гулҳусейнов, муовини раиси ноҳияи Қубодиён, низ гунаҳкор дониста шудааст. Ӯ бошад, ба иттилои мақомот 13 га заминро бар ивази 54,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.

Зикри номи Исҳоқ Гулҳусейнов дар ҳолест, ки ӯ моҳи майи соли 2021 аз бемории илтиҳоби шуш дар беморхона фавтидааст.

Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Варзоб К.Каримов зиёдтар аз ҳама заминфурӯшӣ кардааст. Номбурда бо фурӯши 20,6 га замин бар ивази 600 ҳазор сомонӣ ва 100 000 доллар гумонбар дониста шуда, бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.

“Гарчанде дар самти назорати риояи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин корҳои муайяне ба сомон расонида шуда истода бошад ҳам, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома доранд”, – нигаронӣ кардааст додситони кулл.

Ба гуфтаи ӯ, 16 ҳазору 32 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида баргардонида шуда, 16,9 (5,8) млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи фурӯши ғайриқонунии замин ва истифодаи нодурусти он яке аз мушкилҳои мубрами ҷомеа буда, қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар низ аз ин мушкил изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ таъкид карда буд, ки “бархе аз раисои шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои деҳот ба ҷойи монеъа шудан ба қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин, худашон қарорҳои ғайриқонунӣ содир намуда, инчунин ғайриқонунӣ ба аҳолӣ қитъаи замин ҷудо мекунанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.