Дар Исфара сабабҳои ихроҷи газро, ки бар асари он 2 нафар ҳалок шуданд, таҳқиқ мекунанд

Сабабҳои ихроҷи ихроҷи гази карбонро дар кони ”Ангишти Шӯроб” дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки бар асари он 2 нафар кӯҳканон ҳалок шуданд, Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат таҳқиқ мекунад. Тавре ки маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор соати 18:20 дақиқаи рӯзи 27 март рух дода, дар натиҷаи ихроҷи гази карбон […]

Asia-Plus

Сабабҳои ихроҷи ихроҷи гази карбонро дар кони ”Ангишти Шӯроб” дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара, ки бар асари он 2 нафар кӯҳканон ҳалок шуданд, Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат таҳқиқ мекунад.

Тавре ки маркази матбуоти КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи фоҷеабор соати 18:20 дақиқаи рӯзи 27 март рух дода, дар натиҷаи ихроҷи гази карбон 2 нафар кӯҳкани 45 ва 57-солаи сокинони шаҳри Исфара ҳалок шудаанд.

“Як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ – кӯҳии КҲФ дар шаҳри Хуҷанд фавран ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуд”, – зикр мешавад дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Зикр мегардад, ки наҷотдиҳандагон ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.