“Фурсати донистан”: Тартиби шинос шудан бо санади маъмурӣ чӣ гуна аст?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем.

Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби шинос шудан бо санади маъмуриро баррасӣ карданд.

Тартиби интишор намудани санади маъмурӣ чигуна мебошад? Кодекси расмиёти маъмури оиди ин ҳолат чӣ гуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

Масъалаи тартиби нашр намудани санади маъмурӣ дар моддаҳои 17,18 Кодекси расмиёти маъмурӣ ба танзим дароварда шудааст. Пеш аз ҳама бояд ёдрас намоем,ки санади маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун интишор мегардад. Агар санади маъмурӣ ба манфиатҳои зиёда аз 50 шахс таъсир расонад, огоҳонидан метавонад ба интишор иваз карда шавад.

Оддитар ҳарф занем, агар санади маъмури нисбати зиёда аз 50 нафар шаҳрвандон қабул гардида бошад, санади маъмурӣ бояд чоп карда шавад. Ҳамзамон ёдрас менамоем, ки дар чунин ҳолат санади маъмурӣ танҳо ба аризадиҳанда, агар аризаро якчанд шахс имзо карда бошанд, ба шахсе, ки имзояш дар ариза аввал аст, супурда мешавад.

Мувофиқи талаботи қонун, санади маъмурӣ дар нашрияи расмии мақоми маъмурии дахлдор интишор карда мешавад. Агар мақомоти маъмурӣ нашрияи расмӣ надошта бошад, санади  маъмурӣ бояд дар нашрияе, ки дар тамоми қаламрави амали мақомоти маъмурӣ паҳн мегардад ва на камтар аз як маротиба дар як ҳафта чоп мешавад, интишор карда ё дастраси умум гардонида шавад.

Зимнан, ёдрас менамомем, ки мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст пешакӣ тартиби интишор ё дастраси умум гардонидани санади ҳуқуқии маъмуриро муайян намояд.

Барои дастраси умум гардонидани санади маъмурӣ,  санади маъмуриро чӣ тавр ба тарафҳои дахлдор супоридан мумкин аст?

Масъалаи тартиби дастраси умум гардонидани санади маъмурӣ дар моддаи  19 “Кодекси расмиёти маъмурӣ” ба танзим дароварда шудааст.

Дастраси умум гардонидан маънои дар мақомоти маъмурӣ дар ҷойи намоён (лавҳа) гузоштани санади ҳуқуқии маъмуриро дорад. Масалан дар тахтаи эълонҳо ё дар лавҳа гузоштани санади маъмурӣ. Зимнан ёдрас мешавем, ки дар мавриди зарурат санади маъмурӣ ҳамчунин дар дигар ҷойҳои оммавӣ низ дастраси умум гардонида мешавад.

Санади маъмурӣ ба тарафҳо чӣ тавр супорида мешавад? Тартиби расман шинос шудан бо санади маъмурӣ чигуна мебошад?

Масъалаи тартиби дастраси умум гардонидани санади маъмурӣ дар моддаи 20 “Кодекси расмиёти маъмурӣ” ба танзим дароварда шудааст. Расман шинос шудани тарафи манфиатдор бо санади маъмурӣ маънои супурдан ё фиристодани санади ҳуқуқии маъмуриро тавассути почта бо огоҳиномаи супориш дорад.

Дар сурати нагирифтани санади ҳуқуқии маъмурие, ки тавассути почта ба шаҳрванд фиристода шудааст, шаҳрванд ҳақ дорад, ки нусхаи онро аз мақомоти маъмурӣ гирад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...