Боз як заминларза Тоҷикистонро такон дод

Asia-Plus

Шаби 17-уми апрел Тоҷикистонро боз як заминларзаи 4 балла такон додааст, ки маркази он дар 378-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 86-километрии ғарби ноҳияи Мурғоб ва 153-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ воқеъ буд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо такя ба ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Қувваи заминларза дар маркази заминларза 4 балл, дар ноҳияи Мурғоб 2-3 балл ва дар шаҳри Хоруғ 2 баллро ташкил додааст. Талаофти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нушудааст.

Тоҷикистон яке аз минтақаҳои куҳӣ ва ба ҳисоб рафта, давоми се моҳи ахир даҳҳо заминларзаҳои қувваашон начандон зиёд ба амал омаданд. Бо ишор ба заминларзаи шадид дар Туркия, ки ҳазорҳо куштаву харобиҳои бешуморро бар ҷой гузошт, баҳси тобовари биноҳои шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон, махсусан Душанбе ба миён омад.

Бо ишора ба ин, Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва  сохтмони Тоҷикистон гуфта буд, ки биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд.

Дар ҳамин ҳол, Дар пайи заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тобоварии биноҳои навсохти Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро ба заминларза санҷад.

Гуфта мешавад, ки санҷиш дар бино ва иншоотҳои дар давраи солҳои 2018-2022 ба истифода дода шуда ва сохтмонҳои нотамом гузаронида мешавад. Бо гузашти як моҳ аз ин тасмим то ҳол маълум нест, ки он чӣ натиҷа дод ва чанд бюинову иншоот санҷида шуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23-уми марти соли равон, соати 01:07 дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он 6-7 километр дуртар аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд. Қувваи заминларза дар маркази он 5-6, дар ноҳияи Рашт 4-5 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балл арзёбӣ гардид.

Дар натиҷаи ин офати табии асосан сокинони деҳаи Палдорак, Ярм, Пакшиф, Деҳманора, Дашти миёна, Роғ, Самҷон ва Худгифи Болои Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд. Хисороти заминларзаи дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 4 миллиону 188 ҳазору 970 сомонӣ  муайян шуда буд.

Ду рӯз пеш аз ин, рӯзи 21 март, соати 21:47 дақиқа ба вақти маҳаллӣ низ дар қаламрави Тоҷикистон ва бархе аз кишвраҳои дигар заминларзаи сахт рух дода буд. Қувваи заминларза аз 6,5 то 7,7 баллро ташкил дод. Бисёре аз сокинон бо тарси таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) манзилҳои худро тарк карда, муддати зиёд дар берун қарор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...