Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ITFC ба маблағи 100 млн доллар

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон барои пешбурди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ба маблағи умумии 100 млн доллари ИМА созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин созишнома рӯзи 12 май миёни Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ҳани Салем Сонбол, роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст.

Аз вазорат гуфтанд, Завқӣ Завқизода имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии кишварро муаррифӣ намуда, аз роҳбари Корпоратсия дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намояд.

Дар навбати худ Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои зикршуда, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намудааст.

“Дар доираи мулоқоти мазкур байни Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ ба маблағи умумии 100 миллион доллари ИМА Созишномаи ҳамкорӣ барои самтҳои зикргардида ба имзо расонида шуд”, – гуфтанд дар вазорат.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн доллар дар Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...