Баъди танқиди президент нисбати роҳбари корхонаи зиддималахи Хатлон бо се модда парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Додситонии ноҳияи Кӯшониён нисбати Раҷабалӣ Давлатзода, директори Филиали "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар Хатлон бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, ғайриқонуни тақсим кардани  замин, сохтакорӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Дар ин бора як манбаъ аз додситонии вилоят хабар дод.

Ин дар ҳолест, ки се ҳафта пеш, 27-уми апрели соли равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо фаъолони вилояти Хатлон аз Раҷабалӣ Давлатзода танқид карда гуфта буд, ки ӯ 1 гектар замини мактабро “ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст”.

“Соли 2015 бо қарори собиқ раиси ноҳияи Кӯшониён 1 гектар замини варзишгоҳи муассисаи таълимии рақами 64 ноҳияи Кӯшониён ба директори Филиали Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Давлатзода ҷудо карда дода мешавад. Раҷабалӣ Давлатзода бошад, онро ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда мефурӯшад”, – гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъи мо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, нисбати  Раҷабалӣ Давлатзода 12 майи соли равон парванда боз шудаааст. Вале маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё не.

“Раҷабалӣ Давлатзода дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 338 иловаи 1 қисми 2 (Ғайриқонунӣ додани қитъаи замин), 340 қисми 2 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ),  247 қисми 3 (қаллобӣ) КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад”, – гуфт манбаъи мо.

Ҳамчунин, дар баробари ӯ, нисбати ду корманди КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Кӯшониён низ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо низ барои ғайриқонунӣ додани замини мактаби 64-и ноҳия гумонбар мешаванд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрел дар ноҳияи Данғара, аз қонунвайронкуниҳо дар самти замин дар қаламрави вилояти Хатлон эрод гирифта гуфт, тайи як солу се моҳи сипаришуда дар вилояти Хатлон 7 ҳазору 392 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида 3 ҳазору 977 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудаанд.

Президент аз даст задани собиқ муовини раиси ноҳияи Восеъ Худоёрзода ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳафизов мисол овард ва зикр кард, ки раисони шаҳру ноҳияҳо медонанд, ки зердастонашон даст ба ҷиноят мезананд, чунки “бе иҷозати раиси шаҳру ноҳияҳо касе як бел намезанад, ришта намекашад. Ин барои баъзе раисони шаҳру ноҳияҳо ва кумитаҳои замину дигар як бизнес шудааст”.

Президент илова кард, ки дар умум 21 гектар замини мактабҳо дар вилояти Хатлон худсарона ишғол ва ё ғайриқонунӣ тақсим шудаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар пайи танқиди президент мансабдорон ё хидматчиёни давлатӣ аз кор ронда шуда, дар баъзе ҳолатҳо нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ боз мекунанд. Қаблан, низ чунин ҳолатҳо ҷой дошт, вале баъдан онҳое танқид шуда буданд, танҳо аз сафи мақомот ронда шуданду халос.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...