Таъкиди Бонки ҷаҳонӣ ба афзоиши иқтисодӣ дар Тоҷикистон тавассути фаъолнокии бахши хусусӣ

Иттилоияи расмӣ

Бо вуҷуди вазъи ноустувор дар минтақа ва сатҳи баланди таваррум дар ҷаҳон дар соли 2022, тавре дар гузориши имрӯз нашршудаи ҳамасолаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Ахбори охирин дар бораи иқтисодиёти Тоҷикистон” гуфта мешавад, дар Тоҷикистон рушди устувори иқтисодӣ ва сатҳи бесобиқа пасти таваррум мушоҳида шудааст. Фаъолияти иқтисодии кишвар бо интиқоли маблағ ва вусъатёбии соҳаи хизматрасонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таҳким ёфт, ки ин ҳама боиси афзоиши ММД воқеӣ ба 8% дар соли 2022 гардид.

Тибқи гузориши мазкур ба туфайли интиқоли маблағ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ мавқеи берунаи Тоҷикистон устувор боқӣ монд, дар баробари он ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ якбора афзоиш ёфта, зиёда аз нуҳ моҳи содиротро пӯшониданд. Бо вуҷуди ин, бинобар сатҳи баланди қарзҳои беэътимод, истифодаи густурдаи доллар ва вобастагии зиёд аз корхонаҳои ғайрисамарабахши давлатӣ дучоршавии бахши молиявӣ бо мушкилиҳо идома ёфт. Корхонаҳои хурд ва миёна (КХМ) бинобар меъёрҳои баланди фоиз ва талаботи зиёд нисбати таъмини гарав ҳанӯз бо мушкилиҳо ҳангоми ба даст овардани маблағ рӯ ба рӯ мешаванд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки сиёсати оқилонаи пулию қарзии Тоҷикистон ва болоравии қурби асъор ба дастёбӣ ба поинтарин мизони таваррум дар минтақа мусоидат намудааст: мизони таваррум дар нархҳои маҳсулоти истеъмолӣ то 4,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин назар ба нишондиҳандаҳои дурақамаи таваррум дар аксари кишварҳои дигари минтақа бамаротиб камтар аст. Дар гузориш инчунин қайд шудааст, ки гарчанд афзоиши иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2023 дар сатҳи 6,5% ва дар сатҳи 4,5-5% дар давраи миёнамуҳлат пешбинӣ мешавад, кишвар ба таконҳои беруна ва дохилӣ ба монанди номуайянии геополитикӣ дар минтақа ва пешрафти сусти ислоҳоти сохторӣ, бахусус дар соҳаи фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва фаъолнокӣ дар бахши хусусӣ хеле осебпазир боқӣ мемонад.

“Баҳри ноилгардӣ ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушди то соли 2030 зикршуда, Тоҷикистон бояд монеаҳоеро, ки рушди иқтисодиро бозмедоранд ва ба эҷоди имкониятҳои устувор ва босифати таъсиси ҷойҳои нави корӣ халал мерасонанд, бартараф намояд,” – гуфт Oзан Севимли, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.Сарфи назар аз кӯшишҳои қаблӣ дар самти ислоҳот, корҳои зиёде барои такмилдиҳӣ ҷиҳати гузариш аз мавқеи яке аз ислоҳотчиён ба мақоми яке аз беҳтарин татбиқкунандагони ислоҳот боқӣ мондаанд.”

Дар ин шумораи “Ахбори охирин дар бораи иқтисодиёти Тоҷикистон” мушкилиҳое, ки бахши хусусӣ бо онҳо дар Тоҷикистон рӯ ба рӯ мешаванд ва аз сатҳи пасти таъсисёбии ширкатҳои нав, сатҳи пасти маҳсулнокии ширкатҳо ва ҳамбастагии маҳдуд бо савдои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, ба таври муфассал баррасӣ мегарданд.

Фазои соҳибкорӣ ширкатҳои самарабахш ва онҳоеро, ки дорои зарфиятҳои калони рушд мебошанд, ҳавасманд намекунад. Бо мақсади боло бурдани сатҳи фаъолнокии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон дар гузориш зарурати аз байн бурдани монеаҳо барои рақобат, таҳкими заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои ҷалби сармоягузориҳо ва тавсеаи сиёсати савдо ва чораҳо ҷиҳати сабук гардонидани савдо, таъкид мешавад.

Айни замон, Бонки ҷаҳонӣ 26 лоиҳаро дар Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,6 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад. Аз соли 1996, Бонки ҷаҳонӣ беш аз 2,8 миллиард доллари ИМА-ро дар шакли грантҳои АБР, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок барои Тоҷикистон дастрас намудааст. Бонки ҷаҳонӣ қасд дорад минбаъд низ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намояд, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...