Хушхабар барои муштариёни “Вавилон-Мобайл”!

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “Вавилон-Мобайл” хизматрасонии (опсияи) навро дар ҳама нақшаҳои тарофавии амалкунандаи ширкат роҳандозӣ мекунад! Аз 01.08.2023 муштариёни “Вавилон-Мобайл” метавонанд дигар аз дақиқаҳо, SMS ва мегабайтҳои истифоданашуда дар ташвиш набошанд! Бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии босифат ва шароити бароҳат, ширкат тасмим гирифт, ҳаҷми трафики истифоданашудаи дақиқаҳо, СМС ва мегабайтҳои дар тарофа дохилшударо ба моҳи оянда ройгон интиқол диҳад.

Пешниҳоди махсус барои ҳама тарофаҳои ширкат, бидуни истисно, дастрас хоҳад буд.

Агар қаблан муштариён дар бораи миқдори трафики бекоршуда хавотир мешуданд, минбаъд дигар ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест! Тамоми бақияи трафик бидуни маҳдудият аз моҳ ба моҳ мегузарад ва ба шумо имкон медиҳад, ки аз тарофаи худ фоидаи бештар ба даст оред, танҳо  сари вақт пардохт кардани ҳаққи абонентӣ барои тарофа кифоя аст! Ин иқдом ба таври худкор ва ройгон пешниҳод карда мешавад ва зарурияти пайваст шудан нест.

Акнун шумо метавонед бемалол ба тарофаҳои бо пардохти бештари абонентӣ гузаред, ки арзиши миёнаи захираҳои пешниҳодшуда дар онҳо арзонтар аст. Ин маънои онро дорад, ки шумо метавонед бо пули камтар – захираҳои бештар ба даст оред. Дигар хавотир шудан зарур нест, зеро захираҳо намесӯзанд!

Маълумоти муфассал дар бораи шартҳои интиқоли захираҳо дар саҳифаи зерин дастрас аст: http://babilon-m.tj/news.php?id=527

Стратегияи асосии ширкати “Вавилон-Мобайл” таъмини хизматрасонии босифат ва шаффофияти тарофаҳо ва хизматрасониҳои пешниҳодшуда мебошад. Бо беҳтар кардани минтақаи фарогирии шабака, таъмини алоқаи баландсифат ва Интернет, “Вавилон-Мобайл” рӯз то рӯз технологияҳои муосирро аз худ карда, саъй мекунад, ки муштариёни худро бо беҳтарин хизматрасониҳо  таъмин намояд!  

Бидуни фикр дар бораи боқимондаи трафик бо наздиконатон  суҳбат кунед, бо дӯстон мукотиба намоед! Ҳамеша дар тамос бошед ва мо дар ин самт ба Шумо кӯмак хоҳем кард!

“Вавилон-Мобайл”. Бо мо фоидаовар аст!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...