Тоҷикистон имсол метавонад 1,5 млн тонна семент фурӯшад. Манъи содироти он бекор шуд

Date:

Дар зарфи 6 моҳи соли 2023 дар Тоҷикистон 2,1 млн тонна семент истеҳсол шуда, зиёда аз 538 ҳазор тоннаи он ба хориҷи кишвар содир шудааст. Ин рақам 138 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳмин давраи соли гузашта мебошад.

Сементи Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 20 млн доллар ба Ӯзбекистон (342 ҳазор тонна) ва Афғонистон (194 ҳазор тонна) фурӯхта шудааст.

Тавре ки маълум аст, моҳи июли соли ҷорӣ содироти семент муваққатан манъ шуд, лекин дер давом накарда, аз моҳи август боз иҷоза шуд.

Роҳбари Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода сабаби манъи муваққатиро мушкилоти андозбандии кохонаҳои истеҳсоли семент ва нархи сементи содиротӣ ба Ӯзбекистон унвон кард Ба гуфтаи ӯ, айни замон ин мушкилот ҳал шуда, манъи содироти он бекор шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир қаблан зикр карда буд, ки манъи содироти семент ҳамагӣ 5 рӯз давом карда, ба камбуди сементи сифаташ баланд дар сохтмони иншооти муҳими стратегӣ дар соҳаи иқтисод вобаста буд.

Аммо ҳарду роҳбар ҳам овозаҳои камбуди сементро дар соҳаи сохтмон рад карданд. Тибқи маълумоти Шералӣ Кабир, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли семент 4% зиёд шудааст.

Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, имсол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли 4,5 млн тонна семент ба нақша гирифта шуда, ҳаҷми содироти он бояд ба зиёда аз 1,5 млн тонна расонида шавад.

Айни замон дар Тоҷикистон 16 корхона семент истеҳсол мекунанд. Иқтидори умумии солонаи онҳо истеҳсоли 5,6 млн тонна ин масолеҳро ташкил медиҳад.

Корхонаҳои нисбатан калонтарини истеҳсоли семент ҶДММ “Ҷунтай Моҳир”, ҶДММ “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Хуаксин Ғаюр Семент” мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...