Барои зарардидагони садамаи нақлиётӣ дар Кӯлоб мақомот, соҳибкорон ва имомхатибон хона месозанд

Сайраҳмон Назриев, Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бунёди 4 хона барои зарардидагони садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб ду рӯз пеш, 19-уми август оғоз гардид ва онҳоро мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва имомхатибон месозанд. Дар ин бора Мунавваршо Ташрифзода, муовини аввали шаҳрдори Кӯлоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба қавли Мунавваршо Ташрифзода, макони бунёди хонаҳо бо зарардидагон мувофиқа шудааст.

“Барои ин оилаҳо дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб, маҳаллаи Дӯстӣ замин ҷудо шуд ва корҳои сохтмонии хонаҳо оғоз гардиданд. Як хона аз ҳисоби ҳукумати вилоят, як хона аз ҳисоби ҳукумати шаҳри Кӯлоб, як хона аз ҳисоби соҳибкорон сохта мешавад. Як хонаи дигарро имомхатибони масҷидҳои шаҳри Кӯлоб месозанд”, – гуфт Мунавваршо Ташрифзода.

Қаблан масъулин гуфта буданд, ки хонаҳои валангоргардида аз ҷониби ҳукумати шаҳри Кӯлоб ва ҳукумати вилояти Хатлон аз нав бунёд карда мешаванд.

Мунаваршо Ташрифзода гуфт, ки “ду рӯзи пеш Давлаталӣ Саид, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонӣ боздид карда, ба масъулони сохтмон супориш дод, то корҳои сохтмониро саривақт ва босифат ба анҷом расонанд, зеро фасли тирамоҳ наздик шуда истодааст”.

Ба гуфтаи Ташрифзода, инчунин раиси вилоят ба оилаҳои зарардида “сабру таҳаммул хоста”, гуфтааст, ки “ҳеҷ вақт худро танҳо ҳис накунед, зеро давлату ҳукумат ба ҳар як сокини Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир мекунад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз ин пештар раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи 11 нафар фавтидагон 20 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 12 нафари дигар захмиён 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода буд.

Ҳамчунин, раисиҷумҳур ба 9 нафаре, ки дар пайи садамаи мошини боркаши “Дулан” воситаҳои нақлиёташон хароб гардид, мошинҳои ҳамсони нав ҳадя кард.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи садамаи нақлиётии мошини боркаши “Дулан”, ки шоми 6-уми август дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб рух дод, 12 нафар ҷон бохта, беш аз 10 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамчунин, 9 мошин аз кор баромада ва 3 хона валангор шуд. Гузориши муфассали моро дар ин ҷо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...