Гази моеъ гарон шуд. Масъулину коршиносон сабаби болоравии нархро шарҳ доданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Нархи гази моеъ дар моҳи август барои 1 литр қариб 2 сомонӣ гарон шуд. Коршиносон боло рафтани арзиши гази моеъро ба қурби рубл рабт медиҳанд. Мақомот иддао доранд, ки дар кишварҳои содиркунанда ин навъи сӯзишворӣ гаронтар шудааст.

Гази моеъ дар аввали моҳи август 4 сомониву 20 дирам арзиш дошт, аммо ҳафтаи гузашта он ба 4 сомониву 80 дирам баробар шуд.

Имрӯз, 22-юми август, дар таблои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд нархи гази моеъ 5 сомониву 30 дирам аст.

Дар шаҳри Душанбе арзиши 1 литр гази моеъ 5 сомониву 60 дирам мебошад.

Дар ҷануби кишвар нархи гази моеъ аз ин ҳам гаронтар аст: дар шаҳри Бохтар 1 литр гази моеъ то 6 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Бо ин вуҷуд, бархе ронандагон ва сокинон шикоят доранд, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт на ҳамеша гази моеъ метавон пайдо кард.

Аз ҷумла, Шуҳрат, ронандае аз шаҳри Душанбе ба “Asia-Plus” шикоят кард, ки аз чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ натавонистааст гази моеъ пайдо кунад.

Нархи газ ва дигар анвоъи сӯзишворӣ аз моҳи феврал то ба ин ҷониб дар кишвар рӯ ба пастшавӣ меовард: имсол гази моеъ то 3 сомониву 30 дирам арзон шуда буд.

Ҳоло коршиносон сабаби дигарбора боло рафтани нархи гази моеъро ба “бозии қурби асъор ва гароншавии он дар кишварҳои истеҳсолкунанда” рабт медиҳанд.

Як коршинос бидуни зикри ном ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “сабаби аслии боло рафтани нархи гази моеъ гарон шудани он дар Қазоқистон ва Русия аст”.

“Тоҷикистон гази моеъ истихроҷ намекунад ва ин маводи сӯхт ба кишвари мо воридот карда мешавад, он ҳам бештар аз Қазоқистон ва Русия. Бо сабаби пасту баланд шудани қурби рубли русӣ нархи гази моеъ ҳам дар ин кишварҳои истеҳсолкунанда тағйир ёфта меистад ва он ба ҳама мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, нархи гази моеъ ҳоло гаронтар шудааст”, – гуфт коршинос.

Мақомот ҳам ин назари коршиносро тасдиқ карда, болоравии қимати гази моеъро ба боло рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ дар кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд.

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар аввали моҳи август гуфта буд, “арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон аз қимати он дар кишварҳои тавлидкунанда вобаста аст, зеро Тоҷикистон ин навъи сӯзишвориро ворид мекунад”.

“Воқеан, аз аввали моҳи август қимати гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боло рафтааст, аммо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба кишвар ҳудуди 170 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст”, – гуфт Қурбонзода.

Ба таъкиди ӯ, “дар нимсолаи аввали соли 2023-юм 14 ширкат ба интиқоли гази моеъ ба Тоҷикистон машғул буданд, ки дар миёни онҳо монопология вуҷуд надорад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки аз соли 2018 бо қарори вижаи ҳукумати ҶТ гази моеъ дар баробари 18 номгӯи дигар колоҳо ба феҳристи молҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ шомил шудааст.

Бо ин санад ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дода шуд, ки дар сурати беасос дар давоми як моҳ то 20 дарсад ва бештар аз он боло рафтани нархи гази моеъ дахолат кунад.

Бояд гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба Тоҷикистон 73,47 фоиз аз Қазоқистон, 24,67 фоиз аз Русия ва 1,86 фоиз аз Ӯзбекистон гази моеъ ворид карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки гази моеъ яке аз сӯзишвориҳои асосии нақлиёти автомобилии Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯи маълумоти расмӣ бештар аз нисфи ронандагон аз он истифода мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...