Баъд аз изҳороти Ташиев, сафири Қирғизистон ба ВКХ-и Тоҷикистон даъват гардид

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти ахири Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки гуфт, “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд” сафири ин кишвар Эрлан Абдилдаевро ба бинои ваъзорат даъват карда, “нигаронии ҷониби Тоҷикистон” расонидааст. Дар ин бора сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон 16-уми сентябри соли 2023 иттилоъ дод.

Дар ВКХ-и Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон гуфтаанд, ки “ин гуна тавзеҳот метавонад ба раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин эътимоди тарафайн зарари ҷиддӣ расонад”.

Аммо дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистион аз мансабдори мушаххаси Қирғизистон ном бурда намешавад.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз пештар, 15-уми сентябр, расонаҳои Қирғизистон “даъвои нав”-и Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро интишор карданд. Ба навиштаи расонаҳои давлати ҳамсоя, Камчибек Ташиев зимни ифтитоҳи биное дар вилояти Ботканд, гуфтааст, ки “ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд ва тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд”.

“Қаблан Тоҷикистон ба мо даъвои ҳудудӣ дошт. Ҳоло онҳо набояд вуҷуд дошта бошанд. Ба наздикӣ санадҳои нав пайдо шуданд, ки тибқи он муайян шудааст, ки заминҳои зиёди қирғизҳо ба Тоҷикистон гузаштаанд. Мо метавонем инро бо асноди ҳуқуқиву таърихӣ собит кунем. Ва агар Тоҷикистон аз даъвоҳои ҳудудии худ бар зидди мо даст накашад, мо ба таври қонунӣ даъвои ҳудудиро ба онҳо пешниҳод хоҳем кард. Мо барои баргардонидани заминҳои таърихиамон, ки қаблан ба Тоҷикистон дода шуда буданд, нерӯ ва имкони кофӣ дорем”, – гуфтааст Ташиев.

Бояд зикр кард, ки ин изҳороти Қамчибек Ташиев ҳамагӣ як рӯз баъд аз сафари Садир Жапаров, Президенти Қирғизистон ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон садо медиҳад. Дар Душанбе сарони ду кишвар оид ба “риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек” гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин, ду рӯз пеш ҳайатҳои ду ҷониб дар шаҳри Исфара мулоқот карда, ба хотири қурбониёни даргириҳои марзӣ дуо хонданд ва барои сулҳу субот дар сарҳад фотиҳа дода, ба мардуми ду кишвар саодатмандӣ таманно намуданд.

Бояд зикр кард, ки изҳороти Ташиев як сол баъд аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва дар рӯзи ёдбуди қурбониён садом медиҳад. Расо як сол пеш, 14-уми сентябр дар марзи ду кишвар муноқиша оғоз шуд, ки он то 17-уми сентябр идома карда, садҳо қурбонӣ ва захмӣ дар пай гузошт.

Сабаби оғози аксари муноқишаҳо номуайянии марз миёни ду кишвар аст. Дарозии марзи ду кишвар ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад. Дар ҳоли ҳозир беш аз се ду ҳиссаи хатти марзӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътирофи мутақобила шуда, қитъаҳои боқимонда – беш аз 400 километр баҳсбарангез дониста мешаванд.

Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзбандӣ идома доранд.

Ҳалли ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...