Моҳи август дар Тоҷикистон болоравии босуръати нархҳо ба қайд гирифта шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳи августи соли ҷорӣ пас аз афзоиши муътадил дар моҳҳои пешини сол якбора босуръат боло рафт.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, молу маҳсулоти истеъмолӣ ва хидматрасониҳо тайи моҳи ахир ба андозаи 0,6% қимат шуданд.

Барои муқоиса, моҳи июл болоравии арзиши маҳсулот 0,3% ва афзоиши моҳона ба ҳисоби миёна дар 7 моҳи пешина – 0,37%-ро ташкил додааст.

Афзоиши баланди сатҳи таваррум дар моҳи август дар навбати аввал ба босуръат гароншавии маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 1,2%, маҳсулоти хӯрокворӣ – 0,3% ва тарифҳо ба хидматрасониҳои пулакӣ – 0,6% рабт дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, мизони таваррум дар зарфи ҳашт моҳи соли ҷорӣ яке аз нисбатан пасттаринҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ – 3,2% боқӣ мемонад.

Аз ҷумла, маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 3,8%, маҳсулоти ғайриозуқа – 4,6% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 0,1% қимат шуданд.

Аз ин нишондиҳандаи пасти болоравии нарху тарифҳо дар ҷумҳурӣ танҳо дар ҳамин давраи соли 2013 – 2,5% ба қайд гирифта шуда буд.

Моҳи август кадом маҳсулот аз ҳама бештар қимат шуд?

Тавре ки дар боло зикр шуд, нисбатан зиёдтар арзиши маҳсулоти ғайриозуқа боло рафт.

Болоравии нисбатан назарраси нархҳо ба маҳсулоти зерин ба қайд гирифта шуд: гази моеъ – 41,6%, лавозимоти канселярӣ – 12,0%, либос барои кӯдакон – 5,0%, бензин – 3,3%, маҳсулоти фармасевтӣ – 0,2% ва таҷҳизоти маишӣ – 0,2%.

Аз хӯрокворӣ нархҳо ба чунин маҳсулот нисбатан зиёдтар боло рафт: бодиринг – 12,3%, сабзӣ – 6,4%, тухм – 3,5%, орди навъи 1-ум – 1,6%, биринҷ – 0,6%, карам – 0,5%, гӯшти гӯсфанд – 0,2% ва шакар – 0,1%.

Болоравии начандон назарраси нарху тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар моҳи август (0,6%) асосан аз ҳисоби қиматшавии дӯхтани куртаи занона (5,9%) ва шими мардона (2,8%) ба вуҷуд омад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...