Шаҳрвандии фахрӣ барои 4 нафар ва грант барои 40 зани ҳунарманд. Рӯзи шаҳри Хуҷанд чӣ гуна таҷлил мешавад?

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар “Рӯзи шаҳри Хуҷанд”, ки 25-уми сентябр таҷлил карда мешавад, масъулин нақша доранд ба 4 нафар унвони  “Шаҳрванди фахрӣ”, ба 40 нафар занони соҳибкор гранти раиси шаҳр тақдим карда, собиқадорон аёдат намоянд.

Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд ба “Asia-Plus” хабар дод.

Ӯ гуфт, комиссия номи нафаронеро, ки унвони фахрии “Шаҳрванди фахрӣ”-ро мегиранд муайян кардаву дар рӯзи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд, яъне 25-уми сентябр эълон хоҳад кард.

Ҳамчунин, дар ин рӯз, гирандагони гранти раиси шаҳри Хуҷанд низ муайян мешаванд. Теъдоди занҳои соҳибкоре, ки гранти раиси шаҳри Хуҷандро мегиранд 40 нафар ва маблағи барои онҳо ҷудошуда беш аз 165 ҳазор сомонӣ будааст.

“Ҳамчунин, дар рӯзи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд собиқадорони шаҳр аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмак расонида мешавад”, – гуфт Маъмури Юсуфзод.

Дар назди Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ бошад, корхонаву муассисаҳои шаҳр маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Дар ин намоишгоҳ, инчунин гӯшаи дастовардҳои варзишгарони шаҳр низ ташкил карда мешавад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд 25-уми сентябр метавонанд аз ин намоишгоҳ дидан кунанд. Ҳамчунин, барои онҳо барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта – Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов, Нобовар Чиноров ва сарояндагони хориҷӣ пешкаш карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳар сол 25-уми сентябр таҷлил карда мешавад. Он маротибаи аввал соли 2014 ҷашн гирифта шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...