Гумонбарони садамаи нақлиёт, ки дар он овозхони ҷавони тоҷик ҳалок шуд, боздошт шуданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Иштирокчиёни ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки бар асари он овозхони ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов ҳалок шуд, боздошт ва айни замон дар ҳабс қарор доранд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Дар Раёсати ВКД-и шаҳр ба ҷуз ному насаби гумонбарон, ки қаблан зикр шуда буданд, дар бораи онҳо дигар маълумоти муфассал надоданд.

Тибқи баъзе маълумот, Файзулло Комёб Машраб писари ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Файзулло Машраб Қурбоналӣ мебошад, лекин дар ВКД дар ин бора хабар надоданд.

Дар Раёсат зикр карданд, ки аз рӯи далели садамаи нақлиёт мутобиқи моддаи 212, к. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ин модда ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол пешбинӣ шудааст.

“Тафтишот давом дошта, тамоми маълумот ва далелҳои зарурӣ ҷамъоварӣ мешавад, то ки дар садама гунаҳкор будани кадом ҷониб маълум шавад. Аз ин рӯ, ҳоло мушаххас кӣ айбдор гуфтан барвақт аст”, – гуфтанд дар Раёсат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки РВКД Душанбе қаблан хабар дода буд,  автомашинаи «Lexus RX350» (рақ. давл. 4800СС01 зери идораи сокини пойтахт Файзулло Комёб Машраби 18-сола ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии халқҳо ба автомашинаи «Lexus RX350» (1981WM01) зери идораи сокини 19-солаи пойтахт Ахтамзода Оятулло Хушбахт бармехӯрад. Яке аз автомашинаҳо пиёдагарди дар канори роҳ қарордошта Некрӯз Ниёзовро пахш намудааст.

Яке аз наздикони овозхони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳарду нафари боздоштшуда донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон буд, дар гурӯҳҳои ҷудогонаи як курс таҳсил мекунанд: ҳозир ҳарду гуноҳро ба дӯши ҳамдигар вогузор мекунанд.

Овозхони ҷавони тоҷик Некрӯз Ниёзов субҳи рӯзи 22 сентябр дар беморхонаи “Шифобахш” (Қарияи Боло) ҳалок шуда,ҷасадаш рӯзи 22 сенятябр дар деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...