Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои осиёӣ медали тилло ва Беҳрӯз Хоҷазода медали биринҷӣ гирифтанд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори номдори тоҷик дар вазни то 81 кг дар даври ниҳоӣ бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷу Хван бо як “вазарӣ” пирӯз шуд ва барандаи медали тиллои Бозиҳои осиёӣ гардид.

Сомон Маҳмадбеков то финал бар Муаяд Зуайби фаластинӣ, Асад Масабирови қирғизистонӣ ва Абулайҳон Жубаназари қазоқ пирӯз гардид.

Зимнан, ин аввалин медали тиллои Тоҷикистон дар ин риштаи варзиш дар Бозиҳои осиёӣ мебошад. То ин вақт Тоҷикистон 5 медали биринҷӣ дошт. Онҳоро Комроншо Устоприён ва Шакармамад Мирмамадов дар соли 2018, Расул Боқиев дар солҳои 2006 ва 2010  ду бор, Хайрулло Назриев дар соли 2004 ба даст овардаанд.

Барои ҷоизаи тило ба Сомон Маҳмадбеков аз Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи пулии 150 ҳазор сомонӣ ва як манзили сеҳуҷрагӣ аз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим мешавад.

Ҷудокори дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода низ дар ин бозиҳо медали худро ба даст овард. Дар вазни то 73 кг Беҳрӯз дар мубориза барои биринҷӣ бар варзишгари чинӣ Кингдаг пирӯз шуд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар марҳилаи аввали мубориза бар ҷудокори филиппинӣ Кейси Накано пирӯз шуда, баъдан Данияра Шамшаеваи қазоқро шикаст дод. Дар мубориза барои биринҷӣ ӯ бояд ду рақиб – аввал Соиши Ҳосимотои ҷопонӣ, баъдан Кингдаги чиниро мағлуб мекард.

Ҷудокорони тоҷик пагоҳ дар вазнҳои то 90, 100 ва беш аз 100 кг рақобатро идома медиҳанд.

Бозиҳои XIX осиёӣ рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ханчжоу оғоз шуда, то 8-уми октябр дар панҷ шаҳри дигари Чин баргузор мешавад.

Дар ин бозиҳо ҳудуди 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро ҳудуди 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Онҳо аз 40 намуд бозиҳои элоншуда дар 18 намуди он иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи варзиши киберспорт ва брейк-данс барои нахустин бор муаррифӣ мешаванд.

Тоҷикистон аз соли 1994 дар ҳафт Бозиҳои осиёӣ ширкат карда, 28 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш тилло аст.

Ҷоизаи олии Бозиҳои осиёиро варзишгари сабук Дилшод Назаров дар гурзандозӣ се бор – солҳои 2006, 2010 ва 2014 ба даст оварда, муштзан Ҷаҳон Қурбонов соли 2006 дар Қатар як медали тилло ба даст оварда буд.

Ёдовар мешавем, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ваъда дода буд, ки варзишгарон барои муваффақияти хуб дар Бозиҳои осиёӣ бо манзил таъмин хоҳанд шуд: ба ғолибони медалҳои тилло дар Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ, барандагони медалҳои нуқра манзили дуҳуҷрагӣ ва медалҳои биринҷӣ дар Бозиҳои Осиё манзили якҳуҷрагӣ тақдим карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...