“Қасос барои аз кор рондан”. Милитсияи Суғд сабаби сӯхтор дар Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ошкор кардааст

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд пас аз боздошти муттаҳам ба сӯхтор дар бинои факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, гуфтааст, ки сабаби оташ задани муассисаи таълимӣ "қасосгирӣ барои аз кор рондан" буд.

Дар гузориши барномаи “Пайки Суғд” зикр мешавад, ки ба гумони оташ задан ва даст доштан дар сар задани сӯхтор сокини 56-солаи шаҳри Хуҷанд Абдусаттор Ҳайдаров боздошт шудааст.

“Аз соли 2021 то 10 сентябри соли ҷорӣ ӯ ба ҳайси посбон дар ин муассисаи таълимӣ кор мекард. Барои дар ҳолати мастӣ дар ҷойи корӣ қарор доштан аз кор озод шуда буд”, – баён мешавад дар баронмаи ВКД.

Дар гузориш гумонбаршуда тасдиқ мекунад, ки ҷиҳати қасос гирифтан барои аз кор озод шуданаш биноро оташ задааст.

Дар ҳамин ҳол, худи гумонбар дар ҳолати мастӣ қарор доштанашро рад карда, аз кор озод карданашро беадолатӣ медонад.

Айни замон алайҳи Абдусаттор Ҳайдаров мутобиқи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ (барқасдона нобуд кардан ё зарар расонидан ба амвол) парванда боз шудааст. Ин модда ҷарима ба маблағи 365 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 68 сомонӣ) ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳрумият аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, зиёни умумии расида аз сӯхтор тақрибан 2 млн сомониро ташкил медиҳад.

Бом ва китобхонаи ин муассиса пурра ба коми оташ рафтаанд. Қаблан зикр гардида буд, ки оташ майдони умумии 400 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Сӯхтор шаби 19 ба 20-уми сентябр ба амал омад. Барои хомӯш кардани сӯхтор 11 дастаи оташнишонӣ сафарбар шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.