Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар соли 2025 баррасӣ кард

Имрӯз, 26 сентябр таҳти раёсати сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд. Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки […]

Asia-Plus

Имрӯз, 26 сентябр таҳти раёсати сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар кори маҷлис нахуст Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки то 1 июни соли 2024 лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистонро дар соли 2025 ва параметрҳои онро барои солҳои 2026-2027 ба баррасии ҳукумат пешниҳод намоянд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои якчанд қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи қонуни ҶТ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, “Дар бораи маориф ва ғайра баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол шуданд.

Гуфта мешавад, дар маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Консепсияи сиёсати кадрии мақомоти корҳои дохилии ҶТ барои давраи то соли 2043 ва Дар бораи низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баррасӣ гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио