БАТР барои сармоягузории сабз дар Тоҷикистон маблағҳои нав ҷудо мекунад

Маводи шарикон

Ин маблағгузорӣ дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА дар доираи барномаи GEFF II ба хонаводаҳо ва ширкатҳои агробизнес кӯмак хоҳад намуд.

  • БАТР ва ХИС Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон II-ро ба маблағи 50 миллион доллари ИМА оғоз мекунанд.
  • Барномаи GEFF-и нав барои пешбурди технологияҳои сарфакунандаи нерӯ ва захираҳо нигаронида шудааст.
  • Дастгирии техникӣ аз ҷониби Ҷумҳуриҳои Корея ва Австрия сурат мегирад.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) маблағҳои навро барои беҳтар кардани дастрасӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва технологияҳои сабз барои корхонаҳо ва хонаводаҳо дар Тоҷикистон – кишваре, ки аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим осеби бисёр дидааст, ҷудо менамояд.

Бастаи маблағҳои Барномаи Маблағгузории Иқтисоди Сабз дар Тоҷикистон II (GEFF Tajikistan II) дар ҳаҷми 50 миллион доллари ИМА, ки аз ҷониби БАТР ва Хазинаи Иқлими Сабз (ХИС) роҳандозӣ шудааст, барои баланд бардоштани стандартҳои самаранокии нерӯ ва захираҳо мусоидат намуда гузариши кишварро ба иқтисоди сабз дастгирӣ менамояд. Барномаи GEFF Тоҷикистон II қарзгирандагони манзилӣ ва тиҷоратиро барои сармоягузорӣ ба технологияҳои сабз ва инноватсионӣ, дар истифодаи самаранокии об ва идоракунии устувори замин мусоидат ва ҳавасманд хоҳад намуд, ки тавассути сомонаи барнома дастрас аст. Ҳамчунин барномаи мазкур ба соҳаи агросаноатии кишвар, ки тақрибан нисфи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон он ҷо машғули кор буда, беш аз 22,5 дарсади ММД ба дӯши онҳо мебошад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир хоҳад намуд.

То 13 миллион доллари ИМА аз маблағи умумӣ, аз он ҷумла 11 миллион доллари ИМА дар доираи GEFF Тоҷикистон II, ба се ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон: Бонки «Арванд» (4 миллион доллари ИМА), ташкилотҳои қарзии хурди «Ҳумо» (5 миллион доллари ИМА) ва «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» (4 миллион доллари ИМА) ҷудо карда мешавад. Ташкилотҳои мазкур дорои махзани мизоҷон, ки беш аз 540,000 нафар мебошанд ва ҳатто дар манотиқи дурдасти кӯҳистони кишвар фаъолият намудани онҳо ба пешниҳоди заруртарин қарзҳои сабз барои ҳатто хурдтарин мизоҷон дар саросари Тоҷикистон имконияти хуб фароҳам меорад.

Механизми нав дар заминаи Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон I (GEFF Tajikistan I) ба маблағи 25 миллион доллари ИМА таъсис ёфтааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) дастгирӣ ва дар байни солҳои 2019 то 2023 амалӣ карда шудааст. Он зиёда аз 4,600 зерлоиҳаро дастгирӣ намудааст, ки дар маҷмӯъ боиси сарфаи нерӯи зиёда аз 24,000 МВт/с, коҳиши партовҳои CO2 ба андозаи 5,195 тонна ва камшавии сарфи об ба миќдори 5.2 миллион м3 дар як сол гардидааст.

GEFF Tоҷикистон II аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд Ҷумҳуриҳои Кореяву, Австрия ва ХИС дастгирӣ карда мешавад. Лоиҳа ислоҳоти сиёсати ҳамкориро бо Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани иқтидор ва идоракунии хавфҳои иқлимӣ дар бонкҳои ширкаткунанда нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд.

Барномаи GEFF-и БАТР фаъолияти худро соли 2006 оғоз намуда буд ва он ҳоло дар 29 кишвари ҷаҳон амалӣ шуда истодааст. То имрӯз дар доираи ин барнома маблағҳои беш аз 6,3 миллиард евро ба зиёда аз 230,000 мизоҷон пешниҳод шудаанд.

Соли 2023 БАТР 30-юмин солгарди  ҳамкории худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд. То имрӯз БАТР бо дастгирии тақрибан 160 лоиҳа ба маблағи беш аз 900 миллион евро дар кишвар сармоягузорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...