Эмомалӣ Раҳмон бо сафари серӯза ба Берлин меравад

Пагоҳ, 28-уми сентябр, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯза ба Берлин меравад ва бо раиси ҷумҳуру садри аъзами Олмон мулоқот анҷом медиҳад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми сентябр оғоз гардида, то 30-юми сентябр идома мекунад. Интизор […]

Asia-Plus

Пагоҳ, 28-уми сентябр, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари серӯза ба Берлин меравад ва бо раиси ҷумҳуру садри аъзами Олмон мулоқот анҷом медиҳад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат ба Азия-Плюс хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми сентябр оғоз гардида, то 30-юми сентябр идома мекунад.

Интизор меравад, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ дар ин мулоқот ширкат кунанд.

“Сарвари давлат бо сарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар Берлин мулоқот анҷом медиҳанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Манбаъ афзуд, ки мавзӯъҳои асосии гуфтугӯ таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкориҳо, ки барои минтақа ва Олмон муҳиманд, мебошанд.

“Дар ҷараёни мулоқот мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла равобити дуҷониба ва ҳамкорӣ дар заминаи сиёсати иқтисодӣ ва энержӣ низ баррасӣ мешаванд”, – иброз дошт манбаъ.

Илова бар ин, мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Олаф Шолс, садри аъзам (канцлер)-и Олмон дар назар гирифта шудааст.

Мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Олаф Шолз низ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, дар доираи ин сафар ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар конфронси иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14-15-уми сентябр сарони 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе мулоқот карда буданд. Баъд аз ин боз ҳам сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА дидор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.