Мулоқотҳои Юсуф Раҳмон дар Аврупо. Ин маротиба додситони кул ба Лондон рафт

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни сафари худ ба Британияи Кабир дар ҷаласаи 28-уми генералии Ассотсиатсияи байналмилалии додситонҳо иштирок намуд. Дар доираи ин сафр, ӯ бо Макс Ҳилл, додситони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва ҳамчунин, додситонҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабинии зикршуда мулоқот намуд. Зимни мулоқоте, ки дар Департаменти (вазорати) корҳои дохилӣ, Департаменти […]

Asia-Plus

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни сафари худ ба Британияи Кабир дар ҷаласаи 28-уми генералии Ассотсиатсияи байналмилалии додситонҳо иштирок намуд.

Дар доираи ин сафр, ӯ бо Макс Ҳилл, додситони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва ҳамчунин, додситонҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабинии зикршуда мулоқот намуд.

Зимни мулоқоте, ки дар Департаменти (вазорати) корҳои дохилӣ, Департаменти (вазорати) корҳои хориҷӣ ва Хадамоти бехатарии Британияи Кабир доир гашт, ҳамкории муштарак дар мубодилаи иттилооти фаврӣ оид ба хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардидаанд.

Ба мувофиқа расида шудааст, ки байни Додситонии кулли Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи Британияи Кабир дар самтҳои болозикр ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.

Бояд гуфт, ки Юсуф Раҳмон бо як сафари корӣ ба Аврупо рафта, дар доираи ин сафар бо додситонҳову масъулини воломақоми мақомоти назоратии кишварҳои аврупоӣ мулоқотҳо намудааст.

Аз ҷумла, 22-уми сентябр Юсуф Раҳмон дар шаҳри Брюссел бо додситони кулли Подшоҳии Белгия Фредерик Ван Лёв, директори генералии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Подшоҳии Белгия Фредди Рузмонт ва роҳбари Гуруҳи ҳамоҳангсози Подшоҳии Белгия оид ба таҳлили хатарҳо (CUTA) Герт Веркутерен мулоқотҳо анҷом дод.

Қаблтар аз ин, Юсуф Раҳмон бо додситони кулли Испания низ вохӯри анҷом дода буд. Зимни он масъалаҳои муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ба вижа дастгир ва истирдоди ҷинояткорон баррасӣ шуданд.

Пештар аз ин додситони кулли Тоҷикистон бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) дар Фаронса мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда буд.

Зимни ин мулоқотҳо додситони кулли Тоҷикистон бештар масоили истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, бозпас додани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо, муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио