Додситони кулли Тоҷикистон дар Испания дастгир ва истирдоди ҷинояткоронро баррасӣ кардааст

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Испания барои муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ба вижа барои дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон дар шаҳри Мадрид ду рӯз гуфтушунид кардаанд. Испания дар оянда барои бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба аз Маркаи ягонаи итилоотии Додситонии кулли Тоҷикистон истифода мебарад. Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли […]

Asia-Plus

Додситонҳои кулли Тоҷикистону Испания барои муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ба вижа барои дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон дар шаҳри Мадрид ду рӯз гуфтушунид кардаанд. Испания дар оянда барои бештар ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба аз Маркаи ягонаи итилоотии Додситонии кулли Тоҷикистон истифода мебарад.

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар бо роҳбарияти Додситонии кулл, Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания рӯзҳои 19-20-уми сентябр мулоқот намуд.

“Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои муқовимати муштарак бо терроризм ва экстремизм, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд”, – омадааст дар хабар.

Бояд гуфт, ки Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания мақоми ваколатдори давлатии Испания дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мебошад.

Инчунин, мубодилаи маълумоти фаврӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муайян намудани хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ ба уҳдаи ин мақом вогузор шудааст.

Манбаъ зикр мекунад, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания ҳамкориро бештар ба роҳ мемонанд ва Испания дар оянда метавонад бо ёддошти тафоҳум аз Маркаи ягонаи итилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Додситонии кулли Тоҷикистон истифода барад.

Аз ин пеш, роҳбарияти Додситонии кулли Тоҷикистон бо Додситонии кулли Русия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои ИДМ мулоқот карда, зимни он дар мавриди дастгир ва истирдоди ҷинояткорони махсусан хавфнок, муқовимати муштарак ба терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо гуфтушунид карда буд.

Қабл аз ин, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) дар шаҳри Лиони Фаронса мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда буд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масъалаҳои марбут ба кофтукови байналмилалии ҷинояткорон мавзӯи асосии ин мулоқот будааст.

Ёдовар мешавем, ки аксари мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио