Юсуф Раҳмон барои мулоқот бо масъулини INTERPOL ба Фаронса рафтааст

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудааст. Тавре сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мулоқоти ду ҷониб дирӯз, 18-уми сентябр, дар шаҳри Лиони Фаронса баргузор гардидааст. Ба гуфтаи манбаъ, масъалаҳои марбут ба кофтукови байналмилалии ҷинояткорон мавзӯи асосии ин […]

Asia-Plus

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудааст.

Тавре сомонаи расмии Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, мулоқоти ду ҷониб дирӯз, 18-уми сентябр, дар шаҳри Лиони Фаронса баргузор гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, масъалаҳои марбут ба кофтукови байналмилалии ҷинояткорон мавзӯи асосии ин мулоқот будааст.

“Дар рафти мулоқот ҷонибҳо истифодаи бурҷҳои гуногуни INTERPOL ҳангоми кофтукови категорияҳои гуногуни ҷинояткорон ва шахсони бедарак гумшуда, пешгирии сафари террористон тавассути сарҳадҳои кишварҳои аъзои INTERPOL, пайвастагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба махзанҳои иттилоотии INTERPOL ва дигар масъалаҳои боиси таваҷҷуҳи якдигар баррасӣ карда шуданд”, – хабар додааст Додситонии кулл.

Баъди мулоқот, мулоқотҳои ҷудогонаи мутахассисони ду ҷониб оид ба махзанҳои INTERPOL ворид намудани шахсони ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористӣ содирнамуда ва дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта сурат гирифтааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки пас аз мулоқот “ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд”.

Гуфтан ба маврид аст, ки айни замон Тоҷикистон тавассути INTERPOL 39 шаҳрванди худро ҷустуҷӯ мекунад, ки бештари онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм муттаҳам мешаванд.

Бо рӯйхати пурраи нафарони ҷустуҷӯшаванда метавонед дар сомонаи INTERPOL шинос шавед.

Ёдовар мешавем, ки Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ ё худ INTERPOL аз соли 1956 фаъолият карда, вазифаи асосиаш якҷоя будани кишварҳои аъзо бар зидди ҷиноятҳои умумӣ ҳаст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.