Мақомот худкушии ду духтари ноболиғ дар Панҷакентро таҳқиқ мекунанд

Ду духтари ноболиғ, сокинони деҳаи Шаршараи шаҳри Панҷакент зуҳри якшанбеи, 17-уми сентябр, худро ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Дар ин бора аз Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манбаъ, ҳарду духтар 17-сола буда, худашонро аз болои пули Ғарибак ба дарёи Зарафшон партофтаанд. “Ҳарду духтар ноболиғ ва 17-солаанд, ҷасади онҳоро ғаввосон баъди […]

Asia-Plus

Ду духтари ноболиғ, сокинони деҳаи Шаршараи шаҳри Панҷакент зуҳри якшанбеи, 17-уми сентябр, худро ба дарёи Зарафшон партофтаанд. Дар ин бора аз Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳарду духтар 17-сола буда, худашонро аз болои пули Ғарибак ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

“Ҳарду духтар ноболиғ ва 17-солаанд, ҷасади онҳоро ғаввосон баъди ҷустуҷӯҳои зиёд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент аз дарёи Зарафшон берун оварданд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тавре аз Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Панҷакент таъкид карданд, “духтарон ба ҳамдигар риштаи хешутаборӣ надоранд ва сабаби ба дарёи Зарафшон партофтанашон ба издивоҷ кардан пайвандӣ надорад, зеро ҳоло ноболиғанд”.

Дар наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, дида мешавад, ки ду духтари ҷавон дар болои пуле истода, ҳарду баробар аз рӯи панҷараи пул гузашта, яке чанд сония пештар ва дигарӣ баъди он худро ба дарё мепартоянд.

Ҳоло аз рӯи ин ҳодиса дар Додситонии шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ боз гардида, барои муайян кардани сабаби воқеа тафтишот бурда истодаанд.

Навори ба дарё партофтани ду духтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда муҳокима гардид. Тахминҳое зада мешуд, ки гӯё ду духтар хешутабор бошанд ва бо маслиҳати пешакӣ, барои гурез аз издивоҷи иҷборӣ ба ҷони худ қасд кардаанд. Аммо мақомот ҳоло расман сабаби худкуширо шарҳ надодаанд ва таҳқиқ идома дорад.

Бояд зикр кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 228 мавриди худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (218 ҳолат) 10 маврид бештар аст.

Ин рақамҳоро дар як нишасти хабарӣ дар авоили моҳи август раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода баён дошт.

Вай қайд кард, ки 184 ҳолати худкушӣ (2022-179) ва 44 кӯшиши худкушӣ (2022-39) ба қайд гирифта шудааст.

Қурбонзода зикр кард, ки мисли солҳои қаблӣ аксари ҳодисаҳои худкушӣ (84 ҳолат) аз ҷониби сокинони вилояти Суғд сурат гирифтааст. Дар ин минтақа 22 мавриди қасди худкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2022 6 адад зиёд аст.

Дар ҳамин ҳол, раиси кумита натавонистааст сабаби даст ба худкушӣ задани сокинони шимоли кишварро номбар кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.