Аз “Исфандиёр” то “Арвоҳи беқарор”. Имрӯз мавсими нави театрӣ дар Тоҷикистон оғоз меёбад

Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз мешавад ва театрҳои кишвар намоишномаҳои нав ва беҳтарин худро ба рӯи саҳна мегузоранд. Дар ин бора аз театрҳои кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Мавсими нави театриро нахустин шуда Театри тамошобини ҷавони “Аҳорун” имрӯз, 19-уми сентябр, оғоз мекунад ва намоишномаи маъруфи “Исфандиёр”-ро, ки таҳияи коргардони номвар Фаррух Қосим аст, ба […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз мешавад ва театрҳои кишвар намоишномаҳои нав ва беҳтарин худро ба рӯи саҳна мегузоранд. Дар ин бора аз театрҳои кишвар ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Мавсими нави театриро нахустин шуда Театри тамошобини ҷавони “Аҳорун” имрӯз, 19-уми сентябр, оғоз мекунад ва намоишномаи маъруфи “Исфандиёр”-ро, ки таҳияи коргардони номвар Фаррух Қосим аст, ба саҳна мегузорад.

Ин намоишнома соати 17:00 дар саҳнаи Театри “Аҳорун” манзури ҳаводорони театри тоҷик мегардад.

Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мавсими нави театриро бо намоишномаи “Зани оҳанин” оғоз менамояд. Ин намоишномаро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва коргардони шинохта Мирзоватан Миров таҳия кардааст.

Намоишномаи “Зани оҳанин” соати 18:00-и рӯзи 20-уми сентябр пешкаши тамошобинон мегардад.

Баъд аз ин, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо консерти “Ширин Власенко” мавсими нави худро оғоз мебахшад ва он соати 18:00-и рӯзи 23-юми сентябр ба саҳна гузошта мешавад.

Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ҳоло ягона театри пойтахт аст, ки мавсими нави театриро бо намоишномаи нав оғоз менамояд. Намоишномаи мазҳакавии “Арвоҳи беқарор”-ро саркоргардони театри мазкур Султон Усмонов таҳия кардааст ва нахустнамоиши он соати 17:30-дақиқаи рӯзи 26-уми сентябр баргузор мегардад.

Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский бошад, бо намоишномаи “Мастер и Маргарита” мавсими нави театриро оғоз мекунад. Ин намоишнома дар охирин фестивали “Парасту-2023” соҳиби Шоҳҷоиза гардида буд. Интизор меравад, ки намоишномаи мазкур рӯзи 30-юми сентябр дар толори Наврӯзи Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ манзури ихлосмандони ҳунари театрӣ гардад.

Интизор меравад, ки ҳар як театри кишвар дар мавсими нав дастикам 4 намоишномаи тоза пешкаши ҳаводорони театр гардонад.

То ин ҷониб Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский ду намоишномаи нав – “Расплата” ва “Сказочная фантазия” ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Ношинос”-ро тоза омода кардааст ва дар наздиктарин фурсат пешкаши тамошобинон мегардад.

Бояд гуфт, ки дар саросари Тоҷикистон 18 театр фаъолият мекунад. Дар хусуси театрҳои музофотӣ, ки мавсими нави театриро кай ва бо кадом намоишнома оғоз мекунанд, айни ҳол маълумот дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки даромад ва тамошои намоишномаҳо тариқи чиптаҳо ба роҳ монда шудааст ва ҳаводорони театр метавонанд онро пешакӣ аз назди худи театрҳо харидорӣ намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.