Шаҳрванди Тоҷикистон пас аз 22 соли адои ҷазо дар рӯзи озодиаш аз зиндон фирор намуд

Марде, ки чанде пеш аз муассисаи ислоҳии сукунати назди шаҳри Иркутск дар рӯзи озодиаш фирор намуд, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар ин бора телеграм-канали SHOT хабар медиҳад. Ба иттилои халамоти матбуоти Сарраёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Русия дар вилояти Иркутск, маҳбуси 49-сола дар рӯзи итмоми адои ҷазо аз муассисаи ислоҳии ИК-19 воқеъ дар шаҳраки Маркова […]

Asia-Plus

Марде, ки чанде пеш аз муассисаи ислоҳии сукунати назди шаҳри Иркутск дар рӯзи озодиаш фирор намуд, шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Дар ин бора телеграм-канали SHOT хабар медиҳад.

Ба иттилои халамоти матбуоти Сарраёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои ҷиноятии Русия дар вилояти Иркутск, маҳбуси 49-сола дар рӯзи итмоми адои ҷазо аз муассисаи ислоҳии ИК-19 воқеъ дар шаҳраки Маркова гурехтааст.

Гуфта мешавад, соли 2001 ӯ ба иттиҳоми ҷиноятҳои куштори фармоишӣ, роҳзанӣ, дуздӣ ё тамаъкунии аслиҳаву муҳимот, мавод ва дастгоҳҳои тарканда ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, Камолҷон Калонов барои он фирор намудааст, ки дигар намехостааст, ки ба Тоҷикистон баргардад, зеро пас аз раҳо кардан ӯро бояд ихроҷ мекарданд.

Маҳбуси гурехтаро ҳоло дастгир накардаанд.

Акнун барои фирор ӯ метавонад боз ба 4 соли зиндон маҳкум шавад, хабар медиҳад РИА Новости.

Муассисаи ислоҳии сукунат чунин макони адои ҷазо мебошад, ки дар он маҳбусон метавонанд озодона дар қаламрави он равуо кунанд ё бо иҷозаи маъмурият бидуни тарки маҳалли воқеъгардида ба берун аз ҳудуди он раванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.