Ҳамин рӯзи соли 1940 сохтмони Канали калони Ҳисор оғоз гардида буд

Аз оғози сохтмони Канали калони Ҳисор имрӯз 83 сол пур мешавад. Он соли 1940 тариқи ҳашар дар Душанбе оғоз гардида, дар солҳои душвори ҷанг низ корҳо дар ин шабакаи муҳими обёрӣ қатъ нашуданд. Расо баъд аз ду сол, дар моҳи сентябри соли 1942 бунёди канал ба итмом расид. Ба сохтмони канал беш аз 1500 нафар колхозчиёни ноҳияҳои […]

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Аз оғози сохтмони Канали калони Ҳисор имрӯз 83 сол пур мешавад. Он соли 1940 тариқи ҳашар дар Душанбе оғоз гардида, дар солҳои душвори ҷанг низ корҳо дар ин шабакаи муҳими обёрӣ қатъ нашуданд. Расо баъд аз ду сол, дар моҳи сентябри соли 1942 бунёди канал ба итмом расид.

Ба сохтмони канал беш аз 1500 нафар колхозчиёни ноҳияҳои Варзоб, Роҳи Оҳан ва Сталинобод сафарбар шуданд. Сипас ба онҳо бинокорони роҳи Помир, колхозчиёни ноҳияҳои Кофарниҳон, Файзобод, Рашт (соли 1940), 25 ҳазор нафар колхозчиёни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон (соли 1941) ҳамроҳ шуданд.

То имрӯз ин канал ризқрасони тамоми водии Ҳисор боқӣ мемонад. Дарозии он 49,3 километрро ташкил медиҳад.

Канали калони Ҳисор наздики 30 ҳазор гектар заминҳои ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон ва беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ӯзбекистонро обёрӣ мекунад.

Дар мавод аксҳо аз Бойгонии марказии давлатии ҶТ истифода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.