Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарони чор давлати Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон аз чӣ гуфт?

Имрӯз, 14-уми сентябр, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони чор кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбоҷон мулоқот анҷом дод ва ҷонибҳо бо рӯзномаи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Сардор Бердимуҳаммадов, […]

Asia-Plus

Имрӯз, 14-уми сентябр, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони чор кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбоҷон мулоқот анҷом дод ва ҷонибҳо бо рӯзномаи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Сардор Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, Қосим-Жомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон аз ҳамкориҳои ҷонибайн гуфтугӯ карданд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон зимни мулоқот умед бастанд, натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода ба инкишофи минбаъдаи онҳо мусоидати муассир хоҳад кард.

Инчунин, онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории ду давлатро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намудаанд.

“Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду давлат, инчунин масъалаҳое, ки ба рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ворид гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, – омадааст дар хабар.

Манбаъ афзудааст, ки дар ҷараёни мулоқот президентҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти имрӯза дар мавриди “риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек” гуфтугӯ кардаанд.

“Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди равандҳои мусбат дар минтақаи мо мусоидати муассир хоҳад намуд”, – гуфтааст манбаъ.

Раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон низ зимни мулоқот оид ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.

Ҳамин тавр, хадамоти матбуоти раси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор Бердимуҳаммадов ва Қосим-Жомарт Токаев низ мулоқот намуда, бо рӯзномаи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ шинос шуданд.

Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, низ бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки иштироки роҳбари Озарбойҷон дар кори ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили рушди муносибатҳо байни ду давлат хоҳад гардид.

Бояд гуфт, ки нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ пагоҳ, 15-уми сентябр, дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст, ки асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин, 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.