Оғози эътироф? Чин сафири нави худро дар Афғонистон таъин кард

Чин нахустин кишваре шуд, ки баъд аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар тобистони соли 2021 сафири нави худро барои ин кишвар таъин кард. Хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад, ки сафири нави Чин эътимодномаи худро зимни як маросими расмӣ дар шаҳри Кобул ба сарвазири ҳукумати Толибон дар Афғонистон супурдааст. “Ин як чархиши муқаррарии сафири […]

Чин нахустин кишваре шуд, ки баъд аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон дар тобистони соли 2021 сафири нави худро барои ин кишвар таъин кард.

Хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад, ки сафири нави Чин эътимодномаи худро зимни як маросими расмӣ дар шаҳри Кобул ба сарвазири ҳукумати Толибон дар Афғонистон супурдааст.

“Ин як чархиши муқаррарии сафири Чин дар Афғонистон аст. Ҳадафаш идомаи рушди муколама ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар мебошад. Сиёсати Чин нисбат ба Афғонистон возеҳ аст”, – гуфтааст намояндаи Вазорати умури хориҷии Чин.

Ин бори нахуст аст, ки як кишвари хориҷӣ баъди сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли 2021 сафири худ дар Афғонистонро расман таъйин мекунад. Дар давоми ин ду сол ягон кишвар ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст. Ҳарчанд, намояндагони Толибон чандин маротиба аз давлатҳои хориҷӣ хоста буданд, ки ҳукумати таъсисдодаи онҳоро ба расмият шиносанд.

Қаблан намояндагони Толибон таъкид карда буданд, ки дар давлатҳои Чин, Русия ва Эрон сафоратҳои Афғонистон ба дипломатҳои фиристодаи онҳо супорида шуданд.

Бояд гуфт, ки Толибон соли 2001 аз қудрати Афғонистон канор зада шуданд ва 15-уми августи соли 2021, пас аз бист соли ҷангу низоъ бо нерӯҳои мусаллаҳи Амрико ва ҳампаймонҳои он, дубора ба Арги Кобул баргаштанд. Аммо ин гуруҳ то ҳол дар бештари кишварҳо террористӣ эълон шудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.