Русия аввалин кишваре шуд, ки Аморати Исломии Афғонистонро ба расмият шинохт

Русия Аморати Исломии Афғонистонро ба расмият шинохта, ба сафири ҳукумати "Толибон"* Гул Ҳасан иҷозаи кор дар Сафорати Афғонистон дар Маскавро додааст. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” аз қавли масъули Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки тасмими ба расмият шинохтани ҳукумати "Толибон" аз ҷониби Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо пешниҳоди Сергей Лавров, вазири […]

Русия Аморати Исломии Афғонистонро ба расмият шинохта, ба сафири ҳукумати "Толибон"* Гул Ҳасан иҷозаи кор дар Сафорати Афғонистон дар Маскавро додааст. Дар ин бора хабаргузории “ТАСС” аз қавли масъули Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки тасмими ба расмият шинохтани ҳукумати "Толибон" аз ҷониби Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо пешниҳоди Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ин кишвар гирифта шудааст.

Ҳамчунин, тибқи гузориши ТАСС, парчами ҳукумати Толибон дирӯз, 3-юми июл,  дар болои сафоратхонаи Афғонистон дар Маскав овехта шудааст.

Хабаргузории “8-и субҳ”-и Афғонистон ҳам аз қавли Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати "Толибон" навишт, ки Маскав ҳукумати онҳоро ба расмият шинохтааст.

Ба навиштаи ин расона, Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул дар дидор бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати “Толибон” ба таври расмӣ ин гурӯҳро аз ба расмият шинохта шуданашон аз сӯи Маскав огоҳ кардааст.

Ҳамин тариқ, Русия аввалин кишварест, ки ҳукумати гурӯҳи "Толибон"-ро ба расмият мешиносад. 

Бояд гуфт, ки моҳи апрели соли гузашта Додгоҳи олии Русия дархости Додситони кули ин кишвар дар бораи  хориҷ кардани номи "Толибон" аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар Русия қонеъ карда буд.

Пешниҳоди хориҷ кардани Толибон аз феҳрасти созмонҳои террористӣ моҳи майи соли 2024 аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Русия садо дода буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2021 дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, Толибон дубора сари ҳокимият омада, таъсиси Амороти Исломии Афғонистонро эълон кард. Аммо ин ҳеҷ як давлати ҷаҳон ин низомро ба расмият нашинохт ва эътироф накард. Аз Толибон хоста шуд, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил бошад, ҳукумати фарогир таъсис диҳад ва намояндагони халқҳои дигарро ҳам шомили он кунад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.