Ба Душанбе сарони 4 кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ташриф оварданд

Имрӯз, 14 сентябр, ба Душанбе пайиҳам президентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва чун меҳмони фахрӣ раиси ҷумҳури Озарбойҷон омаданд. Қарор аст онҳо дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) иштирок кунанд. Нахуст ба Душанбе Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов […]

Манижа Раҳмонова, махсус барои Asia-Plus

Имрӯз, 14 сентябр, ба Душанбе пайиҳам президентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва чун меҳмони фахрӣ раиси ҷумҳури Озарбойҷон омаданд.

Қарор аст онҳо дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) иштирок кунанд.

Нахуст ба Душанбе Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов омад.

Баъдан Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев вориди Душанбе шуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам ба Душанбе омад.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров  низ вориди Душанбе гардид.

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бошад, чун меҳмони фахрӣ ба Душанбе омад.

Ҳамаи раисони ҷумҳириҳоро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки имрӯз, 14 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад.

Гуфта мешавад, ки аз натиҷаи Вохӯрии панҷуми машваратӣ қабули якчанд санадҳои муҳим дар назар аст, ки асоситарини он Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин, 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.