Захираҳои тиллои Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя хеле камтар аст

Захираҳои тиллои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба миқдори 1,7 тонна зиёд шуда, то моҳи июл 7,42 тоннаро ташкил додаанд, хабар дода мешавад дар портали махсуси Goldomania. Ин нишондиҳандаи нисбатан паст миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ҷуз Туркманистон, ки маълумот дастрас нест) ва ба истилоҳ “сегонаи славянӣ” (Русия, Беларус, Украина) мебошад. Захираҳои аз ҳама […]

Захираҳои тиллои Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба миқдори 1,7 тонна зиёд шуда, то моҳи июл 7,42 тоннаро ташкил додаанд, хабар дода мешавад дар портали махсуси Goldomania.

Ин нишондиҳандаи нисбатан паст миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ҷуз Туркманистон, ки маълумот дастрас нест) ва ба истилоҳ “сегонаи славянӣ” (Русия, Беларус, Украина) мебошад.

Захираҳои аз ҳама зиёди тиллои монетарӣ (пулӣ) дар Осиёи Марказиро Ӯзбекистон дар ихтиёр дорад, ки ба беш аз 377,2 тонна баробар аст. Захираҳои тиллои Қазоқистон зиёда аз 313,5 тонна ва Қирғизистон – ҳудуди 16,7 тоннаро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, захираҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ мутаносибан ба миқдори 18,6 тонна ва 46 тонна кам шуда, аз Қирғизистон баръакс – 6,5 тонна зиёд шудаанд.

Дар ин портал захираҳои тиллои Русия беш аз 3,2 ҳазор тонна, Беларус – 53,6 тонна ва Украина – 27 тонна арзёбӣ шудаанд. Аз лиҳози ҳаҷми захираҳои тилло Русия пас аз ИМА (8,1 ҳазор тонна) ва Олмон (3,4 ҳазор тонна) ба сегонаи кишварҳои пешсаф дар ҷаҳон шомил аст.

Ҳаҷми умумии тиллои монетарӣ, ки дар захираҳои байнулмилалии кишварҳои ҷаҳон қарор дорад, зиёда аз 35 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад. Ин ҷо тиллои дар ихтиёри ниҳодҳои молии зерин қарордошта низ ба инобат гирифта мешавад:

Хазинаи байнулмилалии асъор – 2,8 ҳазор тонна;

Бонки марказии Аврупо – 506 тонна;

Бонки байнулмилалии ҳисоббаробариҳо – 102 тонна;

Бонки марказии давлатҳои Африқои Ғарбӣ- 36,5 тонна.

Тиллои монетарӣ – тилло дар шакли танга, сабика ё пластин мебошад, ки аз омехтаҳо поккорӣ шуда, аз 995 то 1000 дараҷа тозагӣ доранд. Металли сабикашуда бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонии «Good Delivery» ҷавобгӯ бошад. Маъмулан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ё/ва вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.