Таҳсили ғайриқонунии динӣ. Мақомоти Суғд боз ду нафарро ба ватан баргардониданд

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мақоми дахлдори вилояти Суғд боз ду нафарро, ки дар хориҷа ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул баданд, ба ватан баргардонидаанд. Инҳо сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ будаанд. Дар ин бора Сӯҳроб Рустамзода, сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд иттилоъ  дод. Ба қавли ӯ, ин ду нафар […]

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ мақоми дахлдори вилояти Суғд боз ду нафарро, ки дар хориҷа ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул баданд, ба ватан баргардонидаанд. Инҳо сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Мастчоҳ будаанд.

Дар ин бора Сӯҳроб Рустамзода, сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд иттилоъ  дод. Ба қавли ӯ, ин ду нафар баъди корҳои фаҳмондадиҳӣ “хато будани роҳи интихобкардаашонро дарк карда” ба ватан омадаанд.

Ҳамин тавр, теъдоди нафароне, ки дар хориҷа ба таҳсили ғайриқонунии динӣ машғул буданду мақомоти дахлдори вилояти Суғд ба ватан баргардониданд, ба 718 нафар расидааст.

“Айни ҳол 4 сокини вилоят дар хориҷа ба таҳсили динии ғайриқонунӣ машғуланд. 3 нафари онҳоро баргардонида будем, аммо онҳо бо боз баргаштаанд. 1 нафари дигар бошад, аз шаҳри Конибодом буда, умуман ба ватан барнагаштааст”, – гуфт Сӯҳроб Рустамзода.

Ин масъули сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд гуфт, ки барои баргардонидани ин 4 нафар низ мақомоти дахлдор корбарӣ мекунанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи ифротгароӣ давоми чанд соли охир дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ аст. Бахусус, баъди пайвастани наздик ба 2 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”* мақомоти тоҷик мубориза бо таҳсили ғайриқонунии динӣ дар дохилу хориҷиро ҷоннок кардаанд. Ин буд, ки шурӯъ аз соли 2011 ба баргардонидани нафароне оғоз карданд, ки дар хориҷа ба таҳсили динӣ машғул буданд.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон таҳсили динӣ дар хориҷаро зери назорати шадид гирифтаанд, аммо қонунгузорӣ таҳсилоти қонунии динӣ дар давлатҳои хориҷиро иҷозат додааст. Дар матлаби "Таҳсили динӣ дар хориҷа" метавонед оид ба роҳҳои қонунии таҳсили динӣ дар хориҷӣ маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.