Александр Сёмин, қотили Ҳувайдо, духтараки панҷсолаи тоҷик ба зиндони абад маҳкум шуд

Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия, ки панҷ сол пеш Ҳувайдо Тиллозода, духтараки панҷсолаи тоҷикро ваҳшиёна ба қатл расонида буд, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Ӯ қаблан ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳи таҷдиди назар (кассатсионӣ) – и Русия ҳукми қаблан содиршуда барои Александр Сёминро тағйир дода, ӯро барои як умр равонаи зиндон кард. […]

Александр Сёмин, як шаҳрванди Русия, ки панҷ сол пеш Ҳувайдо Тиллозода, духтараки панҷсолаи тоҷикро ваҳшиёна ба қатл расонида буд, ба ҳабси абад маҳкум гардид. Ӯ қаблан ба 24 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Додгоҳи таҷдиди назар (кассатсионӣ) – и Русия ҳукми қаблан содиршуда барои Александр Сёминро тағйир дода, ӯро барои як умр равонаи зиндон кард.

Ҳукми 24 соли зиндон барои Александр Сёмин санаи 15-уми марти соли ҷорӣ содир шуда буд.

Имрӯз, 14-уми сентябр, Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукм одилона аст ва ҳамакнун, ӯ ба ватан бармегардад.

“Дар ниҳоят мо дар ин додгоҳ пирӯз шудем ва Сёмин муҷозот шуд. Солҳо азоби зиёд кашидам ва ҳатто кор карда натавонистам. Ҳоло ҳукми одилона эълон шудааст ва ман аз ҳамаи онхое, ки маро дастгирӣ намуданд ва паҳлӯям будан, аз ҷумла  вакили дифоъ, ки то лаҳзаи охирин ҳамроҳи ман буд ва барои ҷинояткор ҷазои сахт талаб карду бурд кардем, миннатдорам. Акнун ба ватан бармегардам ва бо оилаам мемонам, зеро дар ин ҷо вазифаи падариамро иҷро кардам”, – гуфт Абдусалом Саидов.

Назари пайвандон ва вакили дифои Александ Сёмин дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.