“Рӯҳи духтарам шод шуд”. Қотили Ҳувайдои 5-сола 24 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Додгоҳи вилояти Маскав имрӯз, 15-уми март, Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷикро 24 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдулло Тиллозода ба “Азия-Плюс” гуфт, “додгоҳи шаҳри Маскав Александр Сёминро қотил ва таҷовузгар эътироф карда, ба 24 соли зиндон маҳкум намуд”. “Қотили фарзандам имрӯз ҷазои сазовор гирифт, зеро […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Додгоҳи вилояти Маскав имрӯз, 15-уми март, Александр Сёмин, шахси муттаҳам ба таҷовуз ва қатли Ҳувайдо Тиллозода, духтари 5-солаи тоҷикро 24 сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдулло Тиллозода ба “Азия-Плюс” гуфт, “додгоҳи шаҳри Маскав Александр Сёминро қотил ва таҷовузгар эътироф карда, ба 24 соли зиндон маҳкум намуд”.

“Қотили фарзандам имрӯз ҷазои сазовор гирифт, зеро тамоми Тоҷикистон бо мо буд. Панҷ сол ин рӯзро интизор будем. Акнун рӯҳи духтарам шод аст”, – гуфт Абдусалом Саидов.

Нигина Тиллозода, модари Ҳувайдо, ки дар Тоҷикистон аст, гуфт, ки “дуояшро Худо шунид ва руҳи фарзандаш акнун ором аст”.

“Фаришати ман имрӯз ором гашт. Панҷ сол руҳану ҷисман шикастем, вале боз хестему даъво кардем”, – илова кард Нигина Тиллозода.

Волидони Ҳувайдо Тиллозода аз ҳамаи онҳое, ки дар ин муддат паҳлӯяшон буданд ва дастгирӣ карданд, аз ҷумла ба намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳори миннатдорӣ карданд.

Назари пайвандон ва вакили дифои Александ Сёмин дастрас нест.

Ёдрас мекунем, ки Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд.

Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки нахуст ба номуси ӯ таҷовуз шуда, сипас духтарча бо корд кушта шудааст.

Ҳодисаи қатлу таҷовузи Ҳувайдои 5-сола яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон ва расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ буд, аммо ба далоили хурду реза кашол ёфтани он нигарониҳо дар мавриди таъмини адолатро ба бор овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.