Толибон сарпарасти консулгарии Афғонистон дар Дубайро таъин карданд

Сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон эълон кард, ки Абдурраҳмон Фидо ба ҷойи Масъуд Азизӣ, ба унвони сарпарасти консулгарии Афғонистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин шудааст. Ин вазорат рӯзи гузашта дар мактубе гуфт, 11-уми март ваколати Масъуд Азизӣ ба поён расид ва Абдурраҳмон Фидо ҷойи ӯро гирифт, хабар медиҳад хабаргузории aamajmews. Пеш аз ин, Эрон, Туркия, […]

Сарпарасти вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон эълон кард, ки Абдурраҳмон Фидо ба ҷойи Масъуд Азизӣ, ба унвони сарпарасти консулгарии Афғонистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъин шудааст.

Ин вазорат рӯзи гузашта дар мактубе гуфт, 11-уми март ваколати Масъуд Азизӣ ба поён расид ва Абдурраҳмон Фидо ҷойи ӯро гирифт, хабар медиҳад хабаргузории aamajmews.

Пеш аз ин, Эрон, Туркия, Чин ва Русия намояндаҳои Толибонро* ба унвони дипломат ва сарпарасти намояндагиҳои сиёсӣ ва консулии Афғонистон пазируфта буданд.

Дар сурати таъйиди мувофиқати Толибон бо сарпарасти дипломати ин гурӯҳ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ ба ҷамъи чанд кишвари дигари минтақа мепайвандад, ки бидуни ба расмият шинохтани Толибон, намояндагиҳои сиёсӣ ва консулии Афғонистонро ба намояндагони ин гурӯҳ месупорад.

Толибон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон бо иҷро накардани пешартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби ягон давлат то ба имрӯз ба расмият шинохта нашудааст. Баръакс, ҳамвора мавриди интиқодҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳон қарор мегирад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.